Аз санаи 16 то 18-уми апрели соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини “Самбо” миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.