KGU

Муҳокимаи Рисолаи илмии докторант Сафарзода М.Н

Муҳокимаи Рисолаи илмии докторант Сафарзода М.Н 10.01.2019

Муҳокимаи Рисолаи илмии докторант Сафарзода М.Н

     Таърихи 10 – январи соли 2019 дар толори Шӯрои олимони назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳокимаи рисолаи илмии докторанти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Сафарзода Манучеҳри Наҷот дар мавзӯи “Телевизион – омили интегратсияи ҷамъиятӣ –сиёсӣ (Дар мисоли телевизионҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) бо ихтисоси 6D050400 – журналистика баргузор шуд. Дар муҳокима иштирок доштанд: Доктори илмҳои филологӣ профессор , Ҷумъахон Алимӣ, ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафари Мирзоён, номзади илмҳои филологӣ Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ Содиқов Ёралӣ, номзади илмҳои филологӣ Ашурова Нодира. Муҳокима бо саволу ҷавоб дар сатҳи баланд гузаронида шуд.


Back to the list