KGU

Ҳисоботи таҷрибаомӯзи дар нимсолаи якуми таҳсили 2018-2019

 Ҳисоботи таҷрибаомӯзи  дар нимсолаи якуми таҳсили 2018-2019 11.01.2019

Ҳисоботи таҷрибаомӯзи дар нимсолаи якуми таҳсили 2018-2019

    Супоридани ҳисобот оид ба ҷамбасти таҷрибаи омӯзгорӣ (педагогӣ)-и донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, шӯъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2018-2019. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 дар Маҷлиси Шӯрои илмии Донишгоҳ Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017 , №1/16” муҳокима карда шуд, ки дар асоси он тамоми кафедраҳо, факултетҳои донишгоҳ гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёнро ба роҳбари гирифтанд.Дар асоси ҳуҷатҳои меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурӣ тартиб дода, твҷрибаи омӯзгорӣ қисми таркибии ҷараёни таълим дар мактабҳои олӣ ба ҳисоб рафта, яке аз роҳҳои муҳими ба фаъолияти ояндаи касбии мутахассисон таёр шудан ба ҳисоб меравад. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён донишҳои назарявии азхудкардаашонро   дар амалия тадбиқ карда, маҳорату малакаи мустақилона иҷро кардани фаъолияти ояндаи касбиашонро аз худ менамояд. Маълум аст, ки таҷрибаи омӯзгори дар Донишгоҳ мақсад ва вазифаҳои худро дорад. Тарибаи омӯзгорӣ ба донишҷӯён-таҷрибаомӯзон гузаронидани кори мустақилонаи таълимию тарбиявиро дар муассиса бо падару модари хонандагон, омӯзонда, роҳҳои эҷодии ҳалли вазифаҳои насли ҷавонро дарёфт мекунад.Дар баробари ин таҷрибаи омӯзгорӣ ба донишҷӯён мустақилона кор карданро бо калективҳои кӯдакон ва наврасон, бо созмонҳои ҷамъиятии муассисаҳо омӯзонда, шароити мусоидро барои ҳаматарафа инкишоф додани шахсияти таҷрибаомӯз, ҳамчун тарбиятгари насли ҷавон мухайё мекунад.


Back to the list