KGU

Тақвими амит “Ховар”: имрӯз 23 январ

                        Тақвими амит “Ховар”: имрӯз 23 январ 23.01.2019

Тақвими амит “Ховар”: имрӯз 23 январ

Тақвими амит “Ховар”: имрӯз 23 январ, чоршанбе,

23-юмин рӯзи соли 2019 аст.

      23 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд. Дар он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 муайян намуданд.

***

11 сол пеш, 23 январи соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

 

23 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

Дар ҷаҳон — Рӯзи дастхат (ва ё рӯзи мактуби дастнавис).

 РӮЙДОДҲО:

 23 январи соли 1989 субҳи барвақт дар натиҷаи заминҷунбии шадид зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба ҳалокат расиданд.

***

8 сол пеш аз ин, 23 январи соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар майдончаи сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ даври финалии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд!» оғоз гардид, ки 29 январ ба анҷом расид.

***

Як сол пеш, 23 январи соли 2018 дар Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фестивали санъати кӯдаконаи «Ҳафтранг» доир гардид.

***

23 январи соли 1950 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

 

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.

***

Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн- аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 


Back to the list