KGU

Курси омӯзишии "ДУХТАРОНИ САРВАР" БА ИТМОМ РАСИД !

Курси омӯзишии "ДУХТАРОНИ САРВАР" БА ИТМОМ РАСИД ! 30.01.2019

Курси омӯзишии "ДУХТАРОНИ САРВАР" БА ИТМОМ РАСИД !

              Бо ташббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курси омӯзиши “ДУХТАРОНИ САРВАР” , аз моҳи феврали соли 2017 дар чор давра , зери роҳбари ва назорати Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят гузаронида шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯдухтарони лаёқатманд барои тайёр кардани захираҳои кадрӣ барои солҳои 2016-2020 таъсис дода шудааст. Аз донишгоҳи мо дар ин давраҳои омӯзиши 48 нафар донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуда, ҳамаи онҳо соҳиби сертификат гардиданд. Барои хонандани лексияҳо ва суҳбатҳо дар курсҳои омӯзишии “Духтарони сарвар” аз рӯи нақшаи тартибдодаи раиси Шӯрои занони вилоят бо роҳбарии муовини раиси вилоят Хидирзода М.У. ва дастгирии Шӯрои занони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди ҳокимияти иҷроияи давлатии ш.Кӯлоб аз ҳисоби олимон, занони унвондор, собиқадорони варзида, равоншиносон ва педагогони донишгоҳ: Изатова М.И., Худойдодова Ш.З. Муродова Г., Раҳимова С., Исоева Д., Табарова З., Давлатова Н., Набиева М., дарс ва сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.




Back to the list