KGU

ТЕРРОРИСТОН ҚОБИЛИ ОМУРЗИШ НЕСТАНД

08.02.2019

ТЕРРОРИСТОН ҚОБИЛИ ОМУРЗИШ НЕСТАНД

Одинамоҳи Шариф,

докторанти РhD

Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд. Фоҷеаҳои даҳшатноктарин ва бузургтарини хунини асри гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамон як тамаддун рух дода буданд. Аз давраи ҷангҳои салибӣ дар байни масеҳият ва ислом низ задухӯрдҳои мустақиму ошкоро рух надодааст. Терроризм бошад, чун вабои асри 21 имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта,  хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат  созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳак мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд. Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дар воқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ созанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм боиси омӯрзиш нест ва дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад. Дар мушоҳидаи пешниҳоди ягона ва мукаммали умумиҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм саркашӣ мекунанд ва террористонро пуштибонӣ менамоянд, бояд муҷозот пешбинӣ гардад, зеро"терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист» -чунин омадааст дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони намоиши байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.  Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иѓво ва макри душманони дини мубини Ислом нагарданд, зеро хоинони Ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини Ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ  созанд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад». Мо бояд ҳамеша баҳри  ободии ин кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сабабу авомили бурузи афкори терроризмро омӯхта ва барои рафъи он сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишварро ҳифз намоем. Дигар нагузорем,  ки касе зиндагии орому осудаи моро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ  халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву  бунёдкорӣ берун созад.


Back to the list