KGU

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАНДОНПИЗИШКОН

 ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАНДОНПИЗИШКОН 09.02.2019

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАНДОНПИЗИШКОН

                ДУШАНБЕ, 09.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дандон яке аз узвҳои асосии инсон буда нигоҳубини он дар ҷойи аввал меистад.  Дандонҳои солим на танҳо аз солимии инсон гувоҳӣ медиҳанд, балки ба ҳусни кас  зебоӣ зам мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар баробари дигар узвҳо дандонҳо низ бемор мешаванд.   Барои ба ҳар   гуна бемориҳои дандон   гирифтор нашудан ҳар як шахсро мебояд, ки сари вақт ба стоматолог муроҷиат кунад. Стоматолог табиби дандон буда, ҳар яки моро аз оризаҳо ва дарди дандон наҷот медиҳад. Ҳамасола 9 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мекунад.  Бояд гуфт, ки стоматология дар Тоҷикистон солҳои охир хеле рушд ёфтааст. Усулҳои нави дандонгузориву табобати дандон роҳандозӣ шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мешаванд. Айни замон дар ҷумҳурӣ бисёр марказҳои давлатию ғайридавлатии стоматологӣ фаъолият мекунанд.  

http://khovar.tj/wp-content/uploads/2019/02/stomatolog-Kosimov-M.M..jpg555-e1549694420439.jpgБахшида ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар»  бо директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии  ҷоғу рӯйи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Қосимов ҳамсуҳбат шуд. АМИТ «Ховар»:  Тавре медонем ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз 30 сол мешавад, ки 9 февралро чун Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мекунад. Мегуфтед, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз таҷлил мешавад ё дандонпизишкони мо рӯзи махсуси худро доранд? М.Қосимов: Дар кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид»   ҳамасола 18 август  Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад.   Мо, табибон  18 август   рӯзи касбии худро ҷашн мегирем. Аммо ба ин нигоҳ накарда, 9 феврал- дар Рӯзи байналмилалии стоматологҳо тамоми муассисаҳои стоматологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва боғчаҳо  корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.  Дар ин вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои стоматологӣ,  тарзи дуруст  итифода бурдани хамираҳои дандонтозакунӣ ва бештар истифода намудани ғизоҳое, ки дар таркибашон   карбогидратҳо, сафедаҳо, калсий ва фосфор доранд,  тавсияҳо дода мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯз  тамоми  стоматологҳо  кӯдаконро ройгон ташхис менамоянд. АМИТ «Ховар»: Дар маркази шумо чанд нафар фаъолият дошта, дар як рӯз ба чӣ миқдор бемор хизмат мерасонед? М.Қосимов: Дар Пажӯҳишгоҳи мо 50 нафар стоматологҳо кор мекунанд, ки аз ин шумора 12 нафаррашон  номзади илми тиб мебошанд. Дар як рӯз аз  тарафи табибон ба беш аз сад нафар бемор хизмат расонида мешавад.    Бояд гуфт, ки барои рушди соҳаи стоматология бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Пажӯҳишгоҳ  бо тамоми  таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида шуда,  хизматрасонӣ  бисёр дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намоям, ки таҷҳизоте, ки дар соҳаи стоматология барои  ҷарроҳии ҷоғу рӯй  истифода  бурда мешаванд, аз давлатҳои Германия,  Кореяи Ҷанубӣ ва Чин харидорӣ шудаанд, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ  мусоидат мекунад. АМИТ «Ховар»: Солҳои охир стоматология дар Тоҷикистон хеле рушд ёфтааст. Инчунин усулҳои нави дандонгузориву табобати он роҳандозӣ шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мешаванд.  Мегуфтед, ки айни ҳол дар Маркази шумо барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ  кадом усулҳои нав истифода бурда мешаванд?  М.Қосимов: Бояд гуфт ки  солҳои пешин барои гузаронидани амалиёте, ки дар минтақаи ҷоғу рӯй мешуданд,  мутахассисон  намерасиданд.  Ва шаҳрвандони мо маҷбур буданд, ки барои гузаронидани ин амалиёт ба хориҷи кишвар сафар намоянд. Имрӯз  хушбахтона, шумораи мутахассисони ин соҳа хеле афзудааст.      Имрӯз барои мутахассисони соҳаи тиб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки дар давлатҳои пешрафта малака омӯхта, таҷрибаи худро боло бурда,   боз ҳам беҳтар ба мардум хизмат кунанд.   Солҳои охир шумораи зиёди мутахассисони стоматологӣ барои омӯзиш ба Кореяи Ҷанубӣ ва Германия  рафта, сатҳи  донишашонро баланд бардоштанд.   Айни ҳол мутахассисони мо  тамоми намуди ҷарроҳиро анҷом дода ва ҳамаи нуқсонҳоро  бартараф карда метавонанд. Бемороне, ки  солҳои пеш барои  ҷарроҳии минтақаи ҷоғу рӯй  ва умуман барои гузоштани решаи сунъии имплант  ба дигар  давлатҳо муроҷиат мекарданд, имрӯз метавонанд   тамоми намуди табобатро    дар  Пажӯҳишгоҳи  илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии  ҷоғу рӯй анҷом диҳанд.    Дар пажӯҳишгоҳ   тамоми намуди беморӣ дар минтақаи ҷоғу рӯй ва ковокии даҳон   аз тарафи мутахассисон ташхис ва табобат карда мешавад.  Давоми соли 2018 аз ҷониби мутахассисони мо  дар  350 нафар  ҷарроҳии   минтақаи ҷоғу рӯй  бо муваффақият  гузаронида шуд. АМИТ «Ховар»: Чанде пеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба хизматрасониҳои  марказҳои дандонпизишкӣ, ки сабаби сирояти ҳар гуна бемориҳо мегарданд, изҳори нигаронӣ намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  баъзе бемориҳои сироятӣ зимни табобати дандон мегузаранд, ба монанди Гепатит ва ВНМО (ВИЧ/СПИД). Дар ин самт Маркази шумо чӣ корҳоро ба роҳ мондааст?  М.Қосимов: Дар ҳақиқат солҳои  охир тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониҳои хеш дар таҷлили Рӯзи дониш  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 12 май дар Кохи Борбад таъкид намуданд,  яке аз омилҳои пайдоиши  бемориҳои сироятӣ, яъне  Гепатит ва ВНМО-  бемасъулиятии баъзе табибони стоматолог мебошад. Дар ҳақиқат баъди  таъкидҳои Сарвари давлат мутахассисони стоматологияи  шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъ омада, ба Вазорати тандурустии кишвар  нақшаи чорабиниҳоро  пешниҳод намуданд. Баъди тасдиқ ҳоло мо  аз рӯи ин нақша кор бурда истодаем. Мо, мутахассисон дар ин самт      кори худро боз ҳам пурзӯр намуда, нисбат ба пешгирӣ ва муайян намудани бемории сироятии  гепатит ва ВНМО дар соҳаи  стоматология кӯшиш ба харҷ медиҳем. Солҳои пеш   дар ҳақиқат беморони мо пурра  аз ташхис намегузаштанд. Имрӯз бо фармони Вазири тандурустии ҷумҳурӣ    дар ҳама муассисаҳои   стоматологӣ тести оҷилӣ ба роҳ монда шудааст. Пеш аз қабул ба табобат  бемор аз   тестҳои оҷилие мегузарад, ки    ба  бемориҳои сироятӣ гирифтор будан ё набудани ӯро дар ду дақиқа муайян мекунанд. Ҳамчунин барои табобати дандонҳо ҳар як стоматолог бояд аз маводи яккарата истифода барад.   Ва имрӯз мутахассисони соҳаи стоматология барои пешгирӣ ва  муайян кардани  бемории сироятӣ  тамоми корҳоро пеш бурда истодаанд,   то  ягон нафар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор нашавад. Бояд гӯям, ки   дар ҳақиқат  имрӯз шароити баъзе муассисаҳои стоматологии ноҳияҳои дурдаст пурра ба талаботи стандартӣ мувофиқат намекунад.   Барои ин  бартараф кардани ин камбудиҳо аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд маблағҳои муайян ҷудо карда шаванд. Агар мақомоти дахлдор онҳоро  назорат карда, сари вақт бо  маблағ таъмин кунанд, ман боварӣ дорам, ки  мушкилоти зикршуда ҳалли худро меёбанд. АМИТ «Ховар»: Баъд аз нигарониҳои Сарвари давлат  баъзе шаҳрвандон низ аз шароити ғайрисанитарии баъзе марказҳои дандонпизишкӣ шикоят намуданд.  Тавре мушоҳида мекунем, то кунун баъзе аз шаҳрвандон аз табобати дандон дар ин марказҳо ҳарос доранд.  Дар ин бора Шумо чӣ гуфта метавонед? М.Қосимов: Бале, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки  баъзе  беморон аз  муроҷиат кардан   ба стоматологҳо истиҳола мекунанд, то  ҳангоми табобат ба ягон бемории сироятӣ дучор нашаванд.  Ман аз  ҳамаи шаҳрвандон    хоҳиш мекунам, ки ҳангоми қабули стоматолог  ҳушёру зирак бошанд,  зимни қабул бояд  талаб кунанд,  ки  онҳоро бо маводи яккарата табобат кунанд. Тавре гуфтем, як омили сар задани  бемориҳои сироятӣ бемасъулиятии баъзе табибони стоматолог мебошад. Барои бартараф намудани ин ҳолатҳо имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ    нисбат ба он муассисаҳои стоматологие, ки корашон  хуб ба роҳ монда нашудааст, назорат бурда   истодаанд.  Хадамот тамоми саъю кӯшиши худро ба он сафарбар кардааст, ки   ҳамаи муассисаҳои стоматологӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд ва  сатҳу сифати хизматрасонӣ барои аҳолӣ беҳтар шавад.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»


Back to the list