KGU

Хоин думро хода кард.

11.03.2019

Хоин думро хода кард.


Хоин думро хода кард.

Сулаймон Султон

Аз шабкахои ичтимоӣ дар бораи бозгашти Шарофиддин Гадоев- муовини сардори ҷамъияти навтаъсиси «Паймони миллӣ», ки аз тарафи Кабирӣ ва хамтоёнаш ба ҷойи ҳизби террористии нахзати исломӣ   таъсис дода шуда аст , огоҳ шудем. Дарёфтам ки як нафар аз саркардахои нахзатӣ аз кардаҳои худ пушаймон шудааст. Вале афсус,   ки Шарофиддин Гадоев бо суханхои пучи подархаво дар Ватан доме гузошту боз думро хода карда ба Аврупо рафт . Вале дар доми гузоштаи ў    ба ғайр аз худаш касе наяфтид. Ба хорича рафта ба Ватан ва ватандорон чунон бухтонхо зад ки ба акл рост намеояд. Ки бовар мекунад, ки ўро дуздида бошанд. Ҳеҷ кас, зеро дар баромади аввалаи худ     Шарофиддин оид ба ободонии ватан ҳарф заду вақте ки аз ватан фирор кард бар сари Ватан   аз дур истода бо ширкати чанд рўзноманигори хориҷӣ борони маломатҳои худро рехт. Мушоҳида шуд , ки вақте ки рўзноманигорони хориҷӣ рафтанд куртаи чиркини худро бароварда нишон дод, ки гўё ўро дар ватан зада бошанд. Ин дуруғи навбатии Шарофиддин буд, ки дар қатори дигар дуруғҳои худ мегуфт. Агар пурсида шавад, ки оё меарзад, дар атрофи Шарофиддине, ки ба хеҷ чиз намеарзад ин қадар   хамхамаву хангома кунем. Ман мегуям, ки намеарзад вале дар урфият мегуянд, ки душман пашша ҳам бошад, душман аст. Ҳарчанд, ки ин   касифи ношуд ба як танга ҳам намеарзад, эълон намуд, ки гуё уро 2 млн доллар дода бошанду ў розӣ нашуда бошад, вале ин дуруғи маҳз аст. Мо ҷавононро бояд хушдор диҳем, ки Шарофиддин як   оқиватан аст, ки мехоҳад дар якчоягӣ бо роҳбари зархариди худ Муҳиддин Кабирӣ Точикистони орому осудаи моро ба ҷанг кашад. Охир маҳз онҳо ва тарафдорони онҳо буданд, ки як маротиба Точикистонро ба хоку хун кашиданд ва садҳо ҳазор нафар маҳз бо шарофати ин гурўҳ дунёро падруд гуфту аз падару модар ва хоҳару бародар ҷудо шуданд. Маҳз фитнаи ин гурўҳ буд, ки мардум фавч-фавч ба Афғонистон реҳлат намуданд ва азобу укубатҳои ғарибӣ кашиданд. Имрӯз боз ба воситаи дуруғбофӣ ва тарғибот мехоҳанд чанд ҷавонеро ба халқаи худ ҷалб намоянд.Зеро онҳо мактабҳои махсуси   террористайёркуниро гузашта , бо ҳар роҳе ки набошад, мехоҳанд тарафдорони худро зиёд кунанд. Халқ мақоли хубе дар хақи Шарофиддин ва мисли ў баринҳо дорад «Бори каҷ ба манзил намерасад» . Ҳаргиз ҷавонон ба ҳарзаҳои бемаъниву пучи Шарофидинҳо гўш намекунанд ва барои иттиҳодиву сулҳу амонӣ мубориза хоҳанд бурд

                                                                        

 

 

 

 

 

 


Back to the list