KGU

ДАСТАИ "ОЗОДАГОН"-И ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР БАРНОМАИ "ИНТЕЛЕКТ-ШОУ" ҶОЙИ 2-ЮМРО ГИРИФТ!

ДАСТАИ "ОЗОДАГОН"-И ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР БАРНОМАИ "ИНТЕЛЕКТ-ШОУ" ҶОЙИ 2-ЮМРО ГИРИФТ! 26.03.2019

ДАСТАИ "ОЗОДАГОН"-И ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР БАРНОМАИ "ИНТЕЛЕКТ-ШОУ" ҶОЙИ 2-ЮМРО ГИРИФТ!

     Дастаи "Озодагон", ки аз ҷавонони шаҳри Кӯлоб иборат аст, дар даври финалии барномаи "Интелект-шоу"-и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" ба ҳисоби бузурги 6:3 бар бинандагон ғолиб гардида, аз рӯи холҳо ҷойи 2-юмро ишғол кард! Аъзоёни даста инҳо буданд:
1. Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш"-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ;
2. Низомиддин Комилов, саромӯзгори кафедраи молия ва қарзи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ;
3. Муқимӣ Муборак, мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ;
4. Абдулқайси Саидҷаббор, корманди Бонки миллии Тоҷикистон;
5. Некрӯз Турсунзода, омӯзгори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб;
6. Шамсов Саидо, корманди Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб.
Барнома пагоҳ 27-уми март, соати 9-и шаб аз Телевизиони "Сафина" пахш мегардад. Барномаи такрориро бошад, рӯзи якшанбе, соати 11 метавонед аз ин шабака тамошо кунед!


Back to the list