KGU

Маҳфили навбатии "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОНОН"

Маҳфили навбатии "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОНОН" 04.04.2019

Маҳфили навбатии "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОНОН"

      Таърихи 03.04.2019 дар кафедраи Илмҳои компютерии факултети физика ва математика маҳфили навбатии “Барномасозони ҷавон” баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедра н.и.п Холов А.А. кушода иштирокчиёнро барои маҳфили навбатӣ хушомадед намуданд.Сипас роҳбари маҳфил муаллими калон Одинаев А. сухан намуда, мавзӯъҳои матраҳшавандаро иброз доштанд.Дар маҳфил донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатика Имомалиев Хайриддин дар мавзӯи “Асосхои веб барномасозӣ” баромад намуданд ва иброз доштанд, ки сохтани веб-саҳифаҳо дар забони барномасозии HTML ва CSS осон ва қулай мебошад.Баъдан аъзои дигари маҳфили мазкур Шоираи Саидикром дар мавзӯи “Татбики санадҳои мураккаб дар MSWORD” намоишномаи худро ба таври содда пешниҳод намуданд. Донишҷӯ роҳҳои воридшавӣ ба барнома, тарзи сабти барнома, сохтани санади нав, тарзи тақсими саҳифа, сохтани ҳавола ба дигар санад ва ғайраро нишон доданд.

            Маҳфили мазкур бо суолу ҷавоб ва пешниҳодҳои аъзоёни мафҳил ба анҷом расид.


Back to the list