KGU

ҶАЛАСАИ ВАСЕЪ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ДОНИШҶӮЁН

ҶАЛАСАИ ВАСЕЪ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ДОНИШҶӮЁН 10.04.2019

ҶАЛАСАИ ВАСЕЪ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 06.04.2019 соати 14:00 бо ташаббуси садорати факултаи молиявию иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо ҳайати васеи омӯзгорони факулта дар толори №2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факулта баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт:

1.    Риоя ва иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби донишҷўёни факулта.

2.    Иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

3.    Масъалаҳои пардохти шартномаи таҳсил ва тартиби хориҷу барқарор намудани донишҷӯён.

       Дар ҷаласа ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия - Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Назаров Ҳотам Сарфарозович, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - Ятимов Ҳомид, нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, лейтинанти калони милитсия - Одиназода Лоиқ, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ва падару модарони донишҷӯёни факулта иштирок ва суханронӣ намуданд.


Back to the list