KGU

Даъвати 17- уми Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Даъвати 17- уми Ҷамъияти илмии донишҷӯён 12.04.2019

Даъвати 17- уми Ҷамъияти илмии донишҷӯён

          Дар таърихи 12.04.2019 дар бинои маъмури ошёнаи дуюм утоқи №207-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи 17- уми Ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур иштирок доштанд: Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ , доктори илмҳои физика ва математика, профессор Узви вобастаи АИ ҶТ мӯҳтарам Абдулло Ҳабибулло, ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия н.и.п. Рафиев Сафархон Аюбович, ноиби ректор оид ба робита бо ҷомеа, ховаршинос Зафар Мирзоён. Саравал рузномаи кори конференсяиро ректори донишгоҳ кушода, кули аъзоёни шӯрои ҷамъиятро таъкид бар таъкид гуфтанд, ки дар ҷомеаи имрӯза баҳри ободии диёр, баҳри хизмати шоиста ба ин мулк албата дар албата илм бояд омӯхт, зеро худ Асосгузори ваҳдати милли Пешвои миллат Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёми хеш иброз медоранд, ки ҷавонон муаррифгари давлату миллат ва аниқтараш оядаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳастанд. Бояд гуфт, ки ин мулки амну осоширо фақат ва фақат бо омӯхтани имлу дониш ва хирадму хирадманди метавон шуҳратманд сохт. Пас дар паратави ин суханони пурмаъно бояд кӯшем, то сазовори таҳсини Пешвои миллат бошем. Баъдан сухани навбатиро бошад, оиди рози ва ё пешниҳоде набудан ба кори конфронс ба раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён , донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатмуродов Қурбоналӣ бахшиданд. Баъди розигии кулли аъзоёни шӯрои мазкур, ки аз рӯи эълони рӯзномаи кори конфронс маълум гардида буд, гузориши донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Давлатмуродов Қурбоналӣ дар мавзуи:“Ҳадафи асосии 4-уми – устувор гардидани давлати тоҷикон” шунида ва мавриди музокирот қарор доданд. Ва гузориш дигар бошад дар таҳияи донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ, Ҳабибуллозода Сайҳат дар мавзуи: “Стратегияи тарақиёти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд. Ва охирин гузоришро ба аъзоёзи шӯрои мазкур пешниҳод кард: донишҷӯи курси 2- юми факултети филологияи хориҷӣ, Бахтовар Бобоев дар мавзуи “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикитон бо созмонҳои мухталифи байналмилалӣ барои рушди саонаткунонӣ”.Конфронси мазкур то суолу пурсишҳои аъзоёни шӯро ба итмом расид.




Back to the list