KGU

Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда истодааст

Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда истодааст 22.04.2019

Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда истодааст

    Бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои  шаҳри Кӯлоб  таъмиру азнавсозӣ карда шуда истодаанд.Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб дар маркази шаҳр қарор дошта, аз тарафи КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик”, тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст, бо тарҳи замонавӣ  пурра  таъмиру азнавсозӣ  карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.Ҳамчунин дар боғи  мазкур шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва майса тибқи лоиҳа ба роҳ монда шуда истодааст.Иншооти мазкур татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасони шаҳри Кӯлоб дар ин ҷо ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд.Тибқи лоиҳа дар боғ аттраксионҳои гуногун, қавахона, майдончаҳои варзишӣ барои футболи хурд, васкетбол ва тениси рӯимизӣ низ ба нақша гирифта шуда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда мешавад ва ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил хоҳад ёфт.Айни замон, корҳои азнавсозӣ идома дошта, масъулин тасмим доранд, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иншоотро ба пуррагӣ ба истифода супоранд.Дар натиҷаи ба истифода супоридани боғи мазкур тамоми шароитҳои зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.

 


Back to the list