KGU

Конференсия дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ».

Конференсия дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ». 25.04.2019

Конференсия дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ».

      Санаи 24 апрели соли 2019 дар Донишкадаи техналогия ва менеҷментӣ инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» конференсия дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ» аз ҷониби шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва мутахасссис оид ба соҳаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Академияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиббии вилояти Хатлон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ,  намояндаҳо аз шаҳру ноҳияиҳои минтақаи Кӯлоб ва устодону донишҷӯёни соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба сухан баромада қайд намуд, ки дар семоҳаи аввалӣ соли 2019, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 16920  сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд, ки ба шаҳри Кӯлоб 7542-нафар сайёҳони дохилӣ ва 112-нафар сайёҳони хориҷӣ рост меояд. Сайёҳон бо мақсади туризми таърихию фарҳангӣ  ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.Айни замон, дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумотҳои оморӣ 15- адад меҳмонхонаи замонавӣ, 7- адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 10- адад истироҳатгоҳ ва осоишгоҳ, 16-адад тарабхонаи муосир, 4-адад осорхона, 37-адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 26-адад китобхона, 24- адад маркази хизматрасонии бонкӣ, 12-адад гестхаус ва ҳоумстейҳо, 3-адад ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 1 адад мағозаи фурӯши армуғон, 5-адад зиёратгоҳо ва  1-адад боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд аст.Сипас аспиранти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайидмуссо Муҳибуллоҳ ба сухан баромада ҷиҳати «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамчун манбаи ҳуқуқии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.Тоҳирзода Соҳиб Тоир-аспиранти Донишгоҳи Давлатии Данғара дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули маданияти сайёҳӣ» баромад намуда, кайд намуд, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тули чанд сол аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талошҳои зиёд намуда истодааст ва дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон муафақ гардида истодааст.Маъруза дар мавзӯи «Нақши пайёми Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар» аз ҷониби Маҳмадиев Раҳмоналӣ Сафаралиевич-мудири кафедраи фанҳои гуманитарии идораи минтақавии сайёҳии  Донишгоҳи Давлатии Данғара пешкаши иштирокдорон гардид.Маъруза дар мавзӯи «Таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба ҳифзи нигоҳдошти ёдгориҳои таърихии кишвар» Асозода Ҳотам Раҷаб, Директори генералии осорхонаҳои Кӯлоб, баромад намуда, оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақаи Кӯлоб ва шаҳр маълумоти муфасал пешниҳод карда шуд.Маъруза дар мавзӯи «Афзалиятҳои рушди туризми рекреатсионӣ (истироҳатӣ-табобатӣ) дар ҶТ» Амирхони Шарифхон омӯзгори ДДК баромад намуда, доир ба фаъолияти истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои минтақа маълумот дода шуд.Дар охир суханронии муовини Ректори Донишгоҳи давлатии тиббиӣ Хатлон, Аҳадов Шамсулло ва муовини Директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсинӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида шуд.Баромадҳо ба донишҷӯёни соҳаи сайёҳии Донишкадаи техналогия ва менеҷментӣ инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб имкони сайқал додани фаҳмиши илмӣ ва методии онҳо гардида, барои касбияти донишҷӯён нақши бориз гузошт.Зеро баромадкунандагон тамоми паҳлуҳои соҳаи сайёҳиро бо таҳлилҳои илмии худ асоснок намуда, пешкаши иштирокорон намданд.

 


Back to the list