KGU

Ҷаласаи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Ҷаласаи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. 25.04.2019

Ҷаласаи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

       Санаи 24 апрели соли 2019 маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдуллло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.Дар рафти маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар се моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор кабул карда шуд.Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, оид ба фаъолияти семоҳаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2019 дар назди ҳозирин ҳисобот  дод.Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисодии кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ, омодагиҳои ҷиддӣ барои маъракаҳои муҳимми сиёсии дарпешистода, иртиботи доими доштани вакилони ҳизбӣ бо мардум ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуданд.Инчунин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод фаъолияти Кумитаи иҷроияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташаккули мафкураи сиёсӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, дар рушди маънавиёти ҷомеа ва иртибот бо мардум саҳми худро гузошта истодааст.Дар қисмати ҷамъбастии маҷлис ба як қатор аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сипосномаҳо тақдим карда шуд.

 


Back to the list