KGU

ҲХДТ – ҲИЗБИ ПЕШСАФИ МАФКУРАВИЮ ИДЕЯВИИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

      ҲХДТ – ҲИЗБИ ПЕШСАФИ МАФКУРАВИЮ ИДЕЯВИИ ҶОМЕА МЕБОШАД! 16.05.2019

ҲХДТ – ҲИЗБИ ПЕШСАФИ МАФКУРАВИЮ ИДЕЯВИИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёти минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёти минтақа” Нуруллоев Баҳрулло иштирок ва баромад намуданд.Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, изҳор кард, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои  аъзо ва ҷонибдорон худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузошта истодааст.Нуруллоев Баҳрулло дар навбати худ қайд дошт, ки солҳои охир ҲХДТ дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, на танҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ риояи ҳамаҷонибаи интизоми ҳизбӣ, аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони он пеш аз ҳама, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва мақому манзалати ҳизбро дар ҷомеа тақвият мебахшад.Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзо ва ҷонибдорони ҳизб тасмим гирифтанд, ки бинои маъмурии худро аз таъмири ҷорӣ бароранд.

 


Back to the list