KGU

Чавони эҳсоси зиндагӣ!

Чавони эҳсоси зиндагӣ! 23.05.2019

Чавони эҳсоси зиндагӣ!

    Имрӯз дар толори қасри фарҳанги  шаҳри Кӯлоб  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши  хотирмон  баргузор гардид. Дар ибтидо муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова К. баромад намуда, кулли ҷавонони шаҳри Кӯлобро ба муносибати Рӯзи ҷавонон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии шаҳри Кӯлоб табрику таҳният намуд.Номбурда зимни баромади худ қайд кард, ки «Ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 34% аҳолиро ташкил намуда,  Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ҷомеа як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосирро  муҳайё  намудааст. Аз ин хотир мебояд, ки ҷавононро тавре тарбия намоем, ки ба номи миллату давлати худ сазовор бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат ин Ватани биҳиштосои моро барои  мақсадҳои нопоки худ истифода баранд”.Баъдан, шоири забардасти шаҳри Кӯлоб-устод Ҳақназар Ғоиб бо қироати шеърҳои муассири худ табъи ҷавононро болида гардонид. Ҳамчунин шоираигули Ҳуснигул Раҳимзода суханони табрикии худро бо шерҳои офаридаи худ ҳадяи ҷавонон гардонид.

Фарҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷаззоби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб баҳри болидаруҳиву осудагии ҷавонон хотима ёфт.


Back to the list