KGU

БЕГОНАПАРАСТӢ

28.05.2019

БЕГОНАПАРАСТӢ

Сулаймон Султон

Мо тоҷикон миллати асил ва хеле қадимае ҳастем, ки арзишҳои миллии худро то ба имрӯз нигоҳ дошта омадааем, вале бегонапарастии мо ҳануз ҳам аз миён нарафтааст. Дар даврони шуравӣ аввалин унсуре ,ки мо тоҷикон ба худ қабул кардем, ин кулоҳи Ленин буд. Тақлид ба доҳии пролетариати ҷаҳон дар он замон барои ҳар як фард мояи ифтихор буд. Солҳои 80- уми асри 20 вақте, ки кинофилмҳои ҳиндӣ тамошо мекардем, мардон шимҳои почаҳояш васеъ мепушиданду муйи сарҳои худро чун гесувони бонувон дароз мекарданд. Вале он тарзи либоспушӣ зуд аз байн рафт.

Имрӯз бошад ба филмҳои туркиву эронӣ тақлид карда баъзе занон ҳиҷоб мепушанду мардон ришҳои худро то ҳадди беинтиҳоӣ давонидаанд . Жанри Репро низ ки хоси миллати африкоӣ буд, зуд қабул кардем ва бо номҳои Баха-88 гуё машҳур шудем.

Аз ин бар меояд, ки мардуми мо ҳама чизи навро зуд қабул мекунад . Ба ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи кино сару кор доранд, муроҷиат карда мегуям, ки миллатро ба асли худ танҳо ақли расо ва таърихдониву фарҳангшиносии онҳо метавонад расонад. Мехоҳам   таваҷчуҳи хонандаро ба сатрҳои зайл ҷалб кунам.

Бегонапараст

Гоҳе ту шавӣ ҳинду гаҳе турку араб,

Бегона лақаб,

бегонанасаб,

Бе ҳеҷ сабаб,

Бегона туро мебарад аз роҳи адаб,

Ҳаммиллати ман,

Эй иллати ман.

Репи ту хунук,

Монандаи пук,

Дар рӯй ҳиҷоб,

Бо ҳоли хароб

Гуё, ки ҷаҳон турост зиндони азо,

Ё рӯзи ҷазо.  

Ҳаммиллати ман,

Эй иллати ман.

Пушида сарӣ

Бо ишвагарӣ,

Ҳар дам гузарӣ.

Ҳаммиллати ман,

Эй иллати ман.

Бо нофи кушода мекунӣ айшу тараб

Занҷира ба пой,

Гушвора ба лаб

Лаб чист,ки

Гушвора ба аъзои бадан карда аҷаб ,

Ҳаммиллати ман,

Эй иллати ман.

Зебост магар   ришу бурути анбуҳ,

Зебост магар аждару мори тани ту,

Фарқе набувад, ки мард ё ки зани ту,

Эй тоҷбасар.

Ҳаммиллати ман,

Эй иллати ман.


Back to the list