KGU

ТОҶИКИСТОН ЗИДДИ ТАҲДИДИ ГЛОБАЛИИ ТЕРРОРИЗМ

28.05.2019

ТОҶИКИСТОН ЗИДДИ ТАҲДИДИ ГЛОБАЛИИ ТЕРРОРИЗМ

Муъминов Фирдавс

         Баъди пош хурдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асри нав ҳамчун давлати соҳибистиқлол шомил гардид. Дар давраи қадамҳои нахустини истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душвориҳои зиёде ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ ва падидаи нави глобали терроризм рӯ ба рӯ гардид, ки дар оянда ба рушд ва тараққиёти ҷумҳурии тозаистиқлол монеаҳо ба бор овард.

         Ба ақидаи коршиносони соҳаи сиёсатшиносӣ баъди пошхурии ИҶШС яъне то соли 1991 қариб 49% ҷаҳонро падидаи номатлуби террористӣ аллакай фаро гирифта буд.

          Аввалин бор дар таърихи ҳуқуқи байналмиллалӣ ҳуҷҷати умум дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1937 қабул гардида буд. Аммо муоҳида, ки аз тарафи Лигаи Миллатҳо дар бораи пешгирии терроризм ва ҷазо барои содир намудани он кор карда шуда буд, қувваи қонунӣ пайдо накард.

         Минбаъд созишномаҳо доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи Созмони Миллалӣ Муттаҳид таҳия ва қабул гардид. Ҳоло дар доираи Созмони Миллалӣ Муттаҳид 16 созишномаҳои ҳуқуқӣ- байналмиллалӣ доир ба мубориза бо терроризм қабул гардида, ҳамаи онҳо дар ҷодаи ҳуқуқи байналмиллалӣ амал менамоянд.

         Аз ҷумлаи онҳо:

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Доир ба мубориза бо ғасби гаравгонон» аз соли 1979;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Дар бораи ҷиноятҳо ва дигар амалҳои дар дохили киштиҳои ҳавоӣ содир мешвад» (муоҳидаи Токио) аз соли 1963;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Дар бораи ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавои» аз соли 1970;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Дар бораи амалҳои ғайриқонунии нисбати авиатсияи гражданӣ равона гардидааст» (муоҳидаи Монреалӣ) аз соли 1971;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Доир ба мубориза бо терроризми истифодабарандаи мушакҳои тарканда» аз соли 1997;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Оид ба терроризми молиявӣ» аз соли 1999;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Оид ба амалҳои терроризми атомӣ» аз соли 2005;

         - Муоҳидаи байналмиллалӣ «Дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ва пешкаш намудани ҷинояткорон бо мақсади мубориза бо терроризм» аз соли 2008;

         - Эъломия дар бораи чораҳои бартараф намудани терроризми байналмиллалӣ аз соли 1994;

         - Эъломия дар бораи кӯшишҳои умум дар кори мубориза бо терроризм аз соли 2001;

         - Эъломия доир ба масъалаҳои мубориза бо терроризм аз соли 2003;

         Илова бар ин дар доираи СММ соли 2006 таҳти № 60/288 Стратегияи байналмиллалии зиддитеррористӣ қабул карда шудааст.

         Барои муқовимат бо терроризм инчунин якчанд резолютсияҳои (қарорҳои) Шӯрои амнияти СММ бахшида шудааст. Байни ҳама резолютсияҳо мақоми марказиро қарори № 1373 аз 28 сентябри соли 2001 ишғол менамояд. Сабаби чунин баҳодиҳӣ ба ин резолютсия дар он аст, ки резолютсияи мазкур тибқи моддаи 7 Оинномаи СММ қабул гардидааст ва ин ҳолат аҳамияти қарорро нисбати ҳамаи давлатҳо ҳатмӣ мегардонад. Инчунин қарори мазкур нисбати давлатҳо мубодилаи ахборотро доир ба масъалаи мубориза бо терроризмро ҳатмӣ менамояд. Резолютсия нисбати ҳамаи мамлакатҳо ӯҳдадории ҳар чӣ қадар тезтар эътирофи расмии (ратификатсияи) муоҳидаҳои аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидаро вогузор мекунад. Илова бар ин қайд шуда буд, ки ҳамаи давлатҳо бояд дар қонунгузории миллии худ, амали террористиро ба сифати ҷинояти вазнин муқаррар намоянд. Барои назорат аз болои иҷрои резолютсияи номбурда Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ташкил карда шудааст.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки нишондоди резолютсияи номбурдаи Шӯрои амнияти СММ – ро дар амал татбиқ менамояд. Мамлакати мо дар самти муқовимат зидди терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардонидааст, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад. Консепсияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

         Илова бар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА иштирок намуда яке аз аввалинҳо шуда доираи ин мавзӯъ суханронӣ кардаанд.

           Яке аз коршиноси маъруфи рус ки ба ин масъалаи глобалӣ сару кор дорад А.Сафонов ҳадс мезанад, ки дар ҷаҳон аз 700 то 2000 гурӯҳҳои террористӣ арзи вуҷуд доранд.

         Аз тадқиқотҳои А.Сафонов маълум гардид, ки дар 15 соли охир дар ҷаҳон зиёда аз 300 ҳазор одамон дар натиҷаи амалиётҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд.

         Шабакаи террористии ДИИШ яке аз чунин ташкилоти террористӣ мебошад, ки дар асри XXI ба ҷаҳон фалокатҳои гӯшношунид овард. Ин ташкилоти террористӣ тавонист, ки дар минтақаҳои Ховари Наздик, Африқо ва Аврупо доман паҳн намуда амалиётҳои густурдаи худро пиёда созад. Ба гуфти коршиносон ин ташкилоти террористӣ танҳо аз фӯруши маводи мухаддир дар 1 сол қариб 1 миллиард $ доллари америкои ба даст меоранд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90- уми асри XIX тавонист, ки ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуда бо терроризм муборизаашро идома диҳад. Инчунин набояд фаромӯш сохт, ки ба ин падидаи номатлуб боз дигар ҷиноятҳо ба монанди қочоқи маводҳои мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллию одамфӯрушӣ алоқамандии зич дорад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ тавонист, ки як ҷомеаи демократиро дар фазояш ҳукумрон намояд. Албатта чӣ тавре, ки мо аз таърих медонем Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишваре мебошад, ки баъди Федератсияи Россия дар миқёси ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ Конститутсияи худро 6- октябри соли 1994 қабул намуда буд. Ин нишонаи он буд, ки ҷомеаи мо хостгори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ мебошад.

         Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик тавонистанд, ки ба ин падидаҳои номатлуб хотима гузорад. Дар ин даврон дар ҷумҳурии соҳибистиқлол гурӯҳҳои ҷудоихоҳӣ экстремисти- сепаратистӣ ва террористӣ вуҷуд доштанд, ки ба халқи тоҷик ҳамчун миллат таҳдид менамуданд. Онҳо аз хоҷагони хориҷиашон кӯмакҳои моддию- ҳарбӣ гирифта дар нуқтаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон инчунин дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон амалиётҳои террористиашонро пиёда намоянд.

         Гуруҳҳои террористие, ки дар дохил ва хориҷи кишвар қарор доштанд ҳар лаҳза ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, сиёсатмадорон, сайёҳони хориҷӣ ва низомиён таҳдид менамуданд.

         Ба бахти мо, 16- уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

         Қувваҳои мухолифини тоҷик, ки аксарияти онҳоро намояндагони фирефтаи минтақаҳои Қурғонтеппа, Ғарм ва Помир, бо якҷоягӣ аз ҳайати болонишини уламои исломӣ ташкил медоданд яроқҳояшонро нагузошта баъди шикаст ба хориҷи кишвар фирор намуданд.

         Мутобиқ ба далелҳои мӯътамад дар ибтидои соли 1993 дар ҳудуди ноҳияи Ғарм зери шиори «ҷанги муқаддас» кӯшиш баҳри ташкили давлати исломӣ буданд. Ҳамин буд, ки 14- уми феврали соли 1993 Шӯрои исломи инқилобии ноҳияи Ғарм ташкил меёбад. Кӯшиши гуруҳҳои мухолифин ва дастаҳои мусаллаҳи онҳо баҳри он равона гардида буд, ки дар ин минтақа Ҷумҳурии исломии Қаротегинро ташкил намоянд. Дар ибтидои соли 1993 бо сарварии роҳбарон ва пешвоёни динии худ ба мисли Домулло Саъдиддин- С.Т. Рустамов (роҳбари Шӯрои исломии инқилобии ноҳияи Ғарм), Ризвон Садиров (қумондони саҳроии штаби қувваҳои мухолифини минтақаи Ғарм), Н.Ҳоҷиев (сардори штаби қувваҳои мухолифини минтақаи Ғарм) амалиёти васеи қувваҳои мухолифин бар зидди сохти конститутсионии давлат оғоз ёфт. Фаъолияти гуруҳҳои мухолифин ба он равона гардида буд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ ташкил карда шавад. Бо ин мақсад маркази тарғиботии худ- «Телевизиони Ҷумҳурии исломии Қаротегин»- ро таъсис дода дар он пешвоёни дастаҳои мусаллаҳ ба тарғиби ошкорои зидди ҳукумати конститутсионӣ баромад мекардаднд. Дастаҳои муташакили террористии Р. Садиров дар ибтидои соли 1993, як қатор ҷиноятҳои вазнини характери террористӣ доштаро бар зидди қувваҳои ҳукуматии кишвар содир намуданд. Аз ҷумла 18- уми феврали соли 1993 дастаҳои террористии Р. Садиров дар минтақаи Сафедкӯҳи ноҳияи Ғарм ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ бархоста 55 нафар хизматчиёни ҳарбии қувваҳои ҳукуматиро асир гирифта онҳоро ба қатл мерасонанд. Аз шумораи онҳо 30 нафар корманди Кумитаи бехатарии давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилии кишвар буданд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва қушунҳои ҳукуматӣ барои барқароркунии ҳукумати конститутсионӣ ва барҳам задании гуруҳҳои муташакили террористӣ дар ноҳияҳои минтақаи Ғарм дар давраи солҳои 1992-1993, 26 амалиёти ҷангӣ ва зиёда аз 500 амалиёти махсуси кофтуковӣ- ҷиноятӣ ва чораҳои пешгириро барои муайян намудан ва нест кардани ин гуруҳҳо ба анҷом расониданд. Дар натиҷаи баргузории тадбирҳои якҷояи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 330 нафар аъзоёни дастаҳои террористӣ, 17 сардорони гӯруҳ ва иштирокчиёни фаъоли ин гӯруҳҳо , 197 вайронкунандагони сарҳад, 1076 ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, 576 пештар маҳкумшуда ва маҳбусони аз ҷониби мухолифин озодгардида дастгир гардиданд.

         Рафти воқеъаҳои давраи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қувваҳои мухолифини кишвар тирамоҳи соли 1993 ба Ҳаракати назҳати исломии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

         Барои муътадил гардонидани вазъияти сиёсии кишвар дар давраи ҷанги гражданӣии солҳои 1992-1997 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фармонҳо ва қонунҳое қабул гардида буд, ки барои мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мусоидат менамуданд. Ба мисли:

         - Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда» аз 28.02.1993;

         - Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо, баҳри беҳтар намудани ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18.02 1993;

         - Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умум» аз 1.03.1993;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва гирифтани яроқи оташфишон, амволи ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2.12.1994;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ» аз 23.12.1995;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои таъҷилии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» аз 12.04.1996;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои фаврии мубориза ба муқобили терроризм» аз 21.04.1997;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» аз 15.04.1997;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои фаврии мустаҳкам намудани қонуният, ҳифзи тартибот, мустаҳкам намудани тартиботи ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24.08.1998;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ташкили Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1.07.1999;

         - Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии мубориза бар зидди ҷинояткори дар соҳаи иқтисодӣ ва коррупсия» аз 21.08.1999 ва дигарон.

         Гурӯҳҳои аз ҳама хафноки террористӣ ки солҳои 1994- 1998 дар минтақаи Ғарм амал мекарданд ба ин гурӯҳҳо П.Гадоев ва бародарон Садировҳо сарварӣ менамуданд. Аз ибтидои солҳои 1994 оғоз карда то соли 1998 ин гурӯҳҳои террористӣ даҳо куштори оммавӣ, кирдори террористӣ, ба гарав гирифтани одамон, садҳо ҳамлаҳои ғоратгарона ва дигар ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд.

         Аз рӯи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи транс- миллии террористии бародарон Садировҳо дар ибтидои соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба вуҷуд омада буд. Баъди он, ки дар Қаротегин сохти конститутсионӣ барқарор гардид Р. Садиров ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон гузашт ва дар он ҷо аз ҳисоби боқимондаҳои мухолифини тоҷик ва гурӯҳҳои силоҳбадастони афғон дастаи террористии худро ташкил кард. Соли 1995 Р. Садиров ба сифати вазири мудофиаи «Ҳокимияти фирориён»- и мухолифини тоҷик таъин гардид. Вазорати мазкур дар шаҳри Толиқони Ҷумҳурии исломии Афғонистон воқеъ буд.

         Бо мақсади ноором гардонидани вазъияти ҷамъиятӣ- сиёсии кишвар дастаи террористии Б.Садиров як қатор амалҳои террористро содир намуд, ки дар натиҷа зарарҳои зиёди моддӣ ба давлат ва аҳолии кишвар расонида шуд.

         Дар рафти баргузории чорабиниҳои махсуси фаврӣ- ҷустуҷӯии мақомотҳои Кумитаи бехатарии давлатӣ ва корҳои дохилаи кишвар дар соли 1998 имконият пайдо карданд, ки тамоми даста беяроқ гардонида шуда ва сарвари он Р. Садиров дар рафти муқовимат ба қатл расонида шуд.

         Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятии Р. Садиров муайян гардид, ки дастаи ӯ ба 2 амали террористӣ, 7 кирдори диверсионӣ, 20 ҳодисаи куштор, 30 ҳуҷуми яроқнок, 59 ҳодисаи ба гарав гирифтани одамон, 4 убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ содир намудааст.

         Соли 1996 дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва фаъолияти мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳукумати ба роҳ монда шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда дар давоми соли 1996 дар кишвар 19 кирдори террористӣ содир гардид, ки дар натиҷаи он 16 нафар одам ҳалок гардид ва 28 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Қурбонии ин кирдорҳои террористӣ, бештар ходимони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, журналистон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин олимони намоёни тоҷик Ю.Б. Исҳоқӣ, М.Ғ. Ғуломов, муфтии Тоҷикистон Х.Шарифзода, рӯзноманигорон Г.Никулина, М. Олимпур ва дигарон гардидаанд.

Адабиёти истифодашуда:

1.Payk .tj №17(228) 25 апрели соли 2018 (Шарифхон Тиллоев)   2.А.Сафонов. Тайные знаки (ТВ). Москва-2018 год.

3.А.Сафонов. Тайные знаки (ТВ). Москва-2018 год.

4.Ганковский Ю.В. События в Таджикистане и их резонанс в мире// Конфликт.М. 1995.стр 69.

5.Қосимов С., Абдухолиқов Ҷ., Розиқзода А. Деятельность органов внутренних дел Республики Таджикистан в годы независимости. Т 1. Душанбе. Ирфон 2006. Стр 78.

6.Қосимов С., Абдухолиқов Ҷ., Розиқзода А. Деятельность органов внутренних дел Республики Таджикистан в годы независимости. Т 1. Душанбе. Ирфон 2006. Стр 78.

7.Текущий архив МВД Республики Таджикистан. Дел.1031, лист 41-42.

8.Раҳмонов Эмомалӣ. Ҷиноятро бояд решакан кунем. Душанбе. «Авесто» 1999. Саҳ 187.


Back to the list