KGU

Тоҷикистон пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

31.05.2019

Тоҷикистон пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи

Абўабдуллоҳи Рудакӣ ассистенти

кафедраи равоншиносӣ

Давлатова Малоҳат Ҳабибуллоевна

 

То кай нори ҷанг сўзонад ҷаҳон?!

То кай ѓарқи ҳун ҷисми кўдакон?!

 

«…терроризм ва экстремизм чун вабои аср

ҳатари глобалии ҷидди буда, аз ҷониби дигар

аъмоли он гувоҳаст, ки террорист ватан, миллат

ва дину мазҳаб надорад балки як таҳдиде ба

ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки «террорист дар асли ҳуд миллат мазҳаб ва ватан надорад. Зуҳуроти терроризм бо субботу амнияти кўраи замин ҳавфу ҳатари бениҳоят зиёд дорад».Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла, ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, афзоиши зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгароӣ мебошад.Зеро ин омилҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои ноҳуш, таҳдид, зўроварӣ, барангеҳтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.Терроризм ва экстремизм вабои асранд. Онҳо равандҳои номатлубанд, ки имрўзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд. Вақтҳои оҳир ҳамаи ноҳушиҳо, нооромиҳое, ки тариқи нашрияҳо ва ҳам садою симо ва шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ пайдо мекунем, маълум мешавад, ки сабабгори аксари ин ҳаводисҳо ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.Терроризм яке аз зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ буда, ба қасди содир намудани таркиш, сўҳтору куштор роҳандозӣ мешаванд ва дар ҷомеа тарсу даҳшат, изтиробу парешониро ба вуҷуд меорад.4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии ҳушунатомез», баргузор гардида буд, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 50 давлати дунё иштирок доштанд. Ҳадафи ин Конфронс: мо шаҳрвандони ҷомеа бояд дастаъҷамона ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар сулҳу суббот, амнияти давлат ва ҷомеа нақшгузор бошем.Дар кори конфронс намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои зиёди дунё (аз ҷумла, муовини Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер) иштирок ва баромад намудаанд.Тамоми кишварҳои олам андеша ва нигаронӣ аз он доранд, ки дар кишварҳояшон гурўҳҳои ифротгароӣ-террористӣ пайдо шуда, боиси нооромии кишвар ва мардум мегарданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси бонуфуз иштирок ва бо нутқи пурмўҳтаво баромад намуданд. Пешвои миллат пайваста қайд менамоянд, ки дар натиҷаи нооромиҳое, ки аз тарафи ин гурўҳҳои ҷоҳил ба амал меояндБояд тазаккур дод, ки шаҳсоне, ки ба амалҳои номатлуб ифротгароӣ-терроризм даст мезананд, аслан маърифати паст, дониши маҳдуд доранд, ҷаҳонбиниашон танг аст. Маҳз нафароне, ки дину имон надоранд, пайваста дар фикри корҳои ношоям, нооромии ҷомеа ва ҷангу ҷидол мебошанд. Пешвои миллатамон пайваста қайд менамоянд, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад».Ҳушбахтона, тақдир ба рўйи ин миллати фарҳангдўст ҳандиду шаҳсияти ватандўсту миллатдўст Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ба ҳотири сулҳу ваҳдати комил дар кишвар Пешвои миллат ба сари мизи гуфтушунид бо муҳолифин нишаст. Мо ҳаргиз ин ҳолатро набояд фаромуш намоем. Дар ин бора сарлашкари бузург, Қаҳрамони Афѓонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (равонаш шод бод) чунин мегўяд: «Ман имрўз роҳбари давлати шуморо дида, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тўп барои даъвати бародарони фирорӣ барои сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареѓ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ў муттаҳид шуда, ўро гиромӣ доред. Бадҳатии миллати мо-афѓонҳо дар он аст, ки мо то ҳанўз чунин роҳбари ѓамҳор надорем». Бале, боиси сарфарозии мо-тоҷикон аст, кичунин роҳбари сулҳпарвар ва миллатдўст дорем. У тавонист бо савияи баланди кордонии ҳуд ҷанги ҳонумонсўзро бо роҳи гуфтушунид ба оҳир расонида, гуноҳи ҷинояткоронро баҳшад ва сулҳро бо онҳо якҷоя ҷашн гирад. Лек душманони миллат ба ҳаёти осоишта тоб наоварданд, ба қадри тинҷиву аммонии кишвар нарасиданд.Шайҳ Саъдии Шерозӣ дар ҳикояте, сангпушт ба ақраб ҳубӣ мекунаду ба ҳотири наҷоти ў ҷони ҳешро ба ҳатар мегузорад, вале дар ҷавоб ба ҷои ташаккур неши ақрабро ба пушт меҳўрад, ҳуб гуфтааст:

          Неши ақраб на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст

.

Бале, муҳолифини имрўзаи кишвар ҳамон ақраберо мемонанд, ки табиаташон неш задану киноя гуфтан аст ва қадри ҳубӣ, гузашт ва дўстиву рафоқатро нодида мегиранд. Онҳо ҳамеша аз пушти камбуд ҳарф мезананд, вале набояд фаромўш кард, ки ҷойе ки кор аст, камбуд низ ҳаст. Камбудиҳо ҳамеша бартарафшавандаанд ва ватандорӣ асил барои рафъи камиву косиҳои кишвараш кўшиш мекунад. Аз рўи адолату инсоф нест, ки дар ҳориҷи кишвар паноҳ бурда, санги маломат ба сари миллату давлати ҳеш бизанӣ. Кишвари мо бо ободкориҳои ҳуд ҳуд дар сатҳи байналмилалӣ аллакай ҷойи муносиби ҳудро ишѓол намудааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳақ, эътирофаш мекунанд. Барои ин ҳамаро дидан чашму дили пок ва зебобин доштан мебояд.Мутаассифона, имрўзҳо барҳе аз ҷавонони мо бинобар сабаби паст будани шуурнокӣ ва маданияти сиёсӣ, рушд наёфтани ҳисси ҳудогоҳӣ ва ҳудшиносии миллӣ ба ҳаргуна гуруҳҳои террористиву ифротгаро шомил шудаанд, ки ин аҳли ҷомеаро ҳеле ба ташвиш андоҳтааст.Ҷавоноро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои пайдоиши шаҳсони ифротгаро ва гурҳҳои террористиро биёмўзанд ва барои рафъи онҳо кўшиш кунанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.  Ин амал мо-омўзгоронро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мунтазам ба тарѓибу ташвиқи ѓояҳои олии ватандўстӣ машѓул шавем ва дар самти омўзиши илму ҳунар ва касбу кор азму суботи комил дошта бошем, пайваста ба воситаи чорабиниҳои беруназсинфӣ ва дарсҳои тарбиявӣ дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳонандагонро баланд бардорем. Зеро ҳудшиносии миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ, парастиши ҳислатҳои наҷиби инсонӣ, дўстӣ ва рафоқат, парҳез аз макру фиреб ва дурӣ ҷустан аз ҳиёнат ба давлату миллат ҳусусиятҳои асил ва барҷастаи насли муосир ба шумор мераванд.Чунин андешаронӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, аз тарафи дигар, ҳар як фарди бофарҳанг, бонангу бономус ва ватандўстро бори дигар водор мекунад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, кўшиш ба ҳарҷ диҳанд, ки дар амнияти кишвар ҳиссагузор бошанд. Зарур аст аз ҳикмати ниёгонро омўзем, ки гуфтаанд:

 

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтиҳор аз давлату миллати ҳеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри ҳудшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.Мо омўзгорон, мураббиёну шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бод арки амиқи масъулият истиқлолияти ҳудро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким баҳшем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, ҳудогоҳиву ҳудшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо ба созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

 

 

 


Back to the list