KGU

Озмуни ҷумҳуриявии "Маликаи чакан" дар ш.Кӯлоб баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии "Маликаи чакан" дар ш.Кӯлоб баргузор гардид. 17.06.2019

Озмуни ҷумҳуриявии "Маликаи чакан" дар ш.Кӯлоб баргузор гардид.

      Санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин ва абрешимӣ мебошад. Одатан бо усули гулдузии чакан курта, чодар ё сӯзанӣ, болишт, ҷоёпӯш, сардеворӣ,тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, чойхалта, сачоқ, рӯймол, ҷойнамоз ва ғайра истифода мешавад. Дар гулдузии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешавад. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад, чунончи косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, ва монанди инҳо. Маҳорату таҷрибаҳои дӯзандагон аз интихоби матоъу, ришатаҳои ранга, нақшкашӣ, дӯхтани гулҳову нақшҳо ва дӯхтани либосҳо иборат мебошад. Санъати чакандӯзи бештар дар вилояти Хатлон, махсусан дар минтақаи Кӯлоб, Данғара, Ховалинг, Фархор, Шӯробод, н.Ҳамадонӣ ва минтақаи Бохтар васеъ истифода мешавад. Дар ин асос санаи 15 -17 июни соли ҷори дар шаҳри Кӯлоб фестивали ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Зиннату ҳусни ҷавонист чакан” бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонон аз ҳисоби ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин баробар боз озмуни ҷумҳурияви дигар ҳам таҳти номи “Маликаи чакан” миёни донишҷӯёну хонандагони гуногун аз шаҳру вилоят ва ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар фестивали мазкур суханронӣ ва иштирок доштанд:

1.      Махфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон – сухани ифтитоҳӣ.

2.      Абдулозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сухани ифтитоҳӣ.

3.      Марҳабо Олимӣ – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – суханрони дар бобати ҳунару ҳунармандии мардуми Хатлон.

4.      Камолзода Шариф директори Пажуҳишгоҳи тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - маърӯза: “Чакан мероси фарҳанги ғайримоддии башарият”.

5.      Зулфия Бурхон – сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Комиссияи милли оид ба корҳои ЮНЕСКО.

6.      Шаҳлои Абдураҳмон – сармутаххасиси Раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7.      Абдураҳмонова Ширинмоҳ – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Маърӯзаи оид ба чакандӯзони шаҳри Кӯлоб.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Back to the list