KGU

ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ ОРОМИЮ СУБОТ

26.06.2019

ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ ОРОМИЮ СУБОТ

       Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

      Даҳр бинмояд ситоиш мардумӣ барнодилам.

     Сулҳу Ваҳдат калимаҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ–оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳмию миллатдӯст будан аст. Ваҳдат–беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад.Бисту ду сол муқаддам миллати ҳуқуқбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунофари тоҷик ба дастоварди бузург–Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Ин неъмати худодод танҳо соли 1991 ба мардуми тоҷик насиб шуд. 9-уми сентябри ҳамон сол Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қарори худро «Дар бораи эълон кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол бори дигар соҳиби давлати мустақил гардид ва рамзҳои ин давлати мустақил–Нишон, Парчам ва суруди миллӣ мебошад, ки аз ин муваффақият халқи ҷаҳон огаҳӣ пайдо намуд.Дастоварди бузургтарини халқи тоҷик дар тӯли 28 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон буда, ин дастовардҳо маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.Тантанаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ҳисси баланди   ватандорӣ, ифтихори миллии мардуми мо башорат медиҳад, зеро он бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид. Кулли мардуми Кӯлоб ин ҷашнро бо як омодагӣ ва корҳои бунёдкорию созандагӣ пешвоз гирифта истодаанд. Гувоҳи ин рушду пешрафти шаҳри Кӯлоб давоми солҳои охир буд ва   иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро боз ҳам хотирмону фаромӯшнашаванда мегардонад ва бигузор чунин ҷашнвораҳо дар фазои Тоҷикистон ҳамрадифи мардуми он бошад. Зери навои сулҳу дӯстӣ, осмони соф мардум меҳнат намояду хушбахту сарбаланд зиндагӣ кунад.Ҳар як шахс бояд аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик бо дарки масъулияти баланд дар ободу зебо гардонидани ватани азиз саҳмгузор ҳастанд.Мардуми шарафманди тоҷик аз рӯзи ба имзо расидани Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо ифтихори тамом худро соҳиби бахту саодат ва истиқлолияти комил медонад, вале ҳеҷ гоҳ боиси фаромӯши нахоҳад буд, ки ин муъҷизаи беҳамтои ҳаётӣ бо саъю кӯшиш ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешаи ҳамидаи дӯстию ҳамбастагии мардуми тоҷик муяссар гардид. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгорӣ мардумро рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».Он дарахте, ки Пешвои миллат дар назар дорад ва ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додааст, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст ва мо аз ин мефахрем. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз ободу зебо мешавад. Иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост, сулҳу ваҳдат падидор аст.Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор мекунам. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, мустаҳкам сохтаанд.

 

   

Одинаева Гулбону

устоди ДДК ба номи

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 


Back to the list