KGU

Саҳми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҳалли масъалаҳои доғи рӯз.

26.06.2019

Саҳми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҳалли масъалаҳои доғи рӯз.

   Машварати      ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар    Осиё ин созмони бонуфузи минтақавиест, бо ташаббуси Қазоқистон дар соли 1992 асосгузошта шуда, мақсади он ҳамкории сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар доираи    кишварҳои   аъзои созмон   буда, амнияти   дастаҷамъии     Осиёро    дар    назар дорад. Ҳамзамон    моҳи   феврали   соли   2002 Шоҳигарии    Таиланд   дар ҷаласаи   вазирони    корҳои хориҷии   Ассотсиатсияи   давлатҳои   Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ   ғояи   машварти ҳамкории Осиёро бо мақсади    ба роҳ мондани   ҳамкории байниминтақавӣ, ки тавонад   дар оянда ҳамчун   асоси ҳамкориҳои   умуми   осиёӣ хизмат   кунад, пешниҳод     кард.Барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ кардани қарорҳои машварати мазкур роҳбарияти кишварҳоро зарур аст, ки барноамниҳои   минтақавӣ дастаҷамъона мубориза баранд. Қазияи Афғонистон багустариши равобити ҳасанаи кишварҳои Осиё монеъа эҷод мекунад. Бахусус   ба рушди равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсир и      манф ӣ    мерасонад.   Масалан, аксар   кишварҳои   Осиёи Марказӣ бо   кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тариқи марзи Афғонистон ба ҳам мепайванданд.  Агар аминият таъмин бошад, чӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чӣ барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз нигоҳи рушди ҳамкориҳои   иқтисодӣ-тиҷоратӣ натиҷаи   мусбат   ба бор    меоварад. Дар    ин самт дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таъсис додани гурӯҳи корӣ доир ба ҳалли қазияи Афғонистон ва баҳам овардани тарафҳои даргир бо ширкати   созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиати кор бояд бошад.Воқеан   имрӯз Тоҷикистон ба як маркази бузурги ҳамоҳангсозии ҳамкории муштарак бар зидди хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки барои бадаст овардани натиҷаҳои самарабахш ва оромии минтақа аҳамияти назаррасе дорад. Баргузории ин чорабинии дар сатҳи байналмилалии, бидуни шак ба ибтикору талошҳои зиёди бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони   соҳибистиқлоли кишвари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон   бастагӣ    дорад.         Ин чорабинии муҳим, ки дар муставои олии байналмилалӣ гузашт барои кишварҳои қитъаи Осиё, аз ҷумла, Шарқи Наздик хеле тақдирсоз тавсиф гардид, зеро дар замоне сурат гирифт, ки вазъи сиёсии сайёра дарҳолати нооромӣ ва сарзадани моҷароҳои гуногунпаҳлу, хусусан дар қисмати Халиҷифорс, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Ин гуфтугӯи ошкоро метавонад бисёри мушкилиҳои ҷаҳониро ҳалнамуда, садоқату бовариро дар муносибат байни ҳамдигар тақвият бахшида, дар рушди ҳамкории кишварҳо мусоидат намояд. Аз он ҷумла, дар равобиту ҳамкориҳои судмандиТоҷикистон бо кишварҳои арабӣ.Ҳама чашми умед ба ояндаи неки зиндагӣ   дошта, орзӯи рушду устувори сулҳу   истиқрори тамоми   кишварҳоро   доранд. Ҳамзамон   Машварати дар   шаҳри Душанбе доир гардида, дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои узви ин Машварат ва ҳалли масъалаҳои   доғи   рӯз, коҳиши хатару таҳдидҳои глобалӣ нақши муассир гузошта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои    иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии бисёрҷониба   гардида, ба ҷалби сармояи кишварҳои рушдкарда барои тавсеаи густариши   соҳаҳои   дигари муҳими   саноат, энергетика ва   туризм   мусоидат   менамояд. Гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки дар заминаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миёни ин ду кишвар  ба роҳ монда мешавад, як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо дар баррасии мақомоти марбутаи ду кишвари дуст қарормегирад. Боиси ёдоварист, ки моҳи августи соли 2007 Амири давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки бо сармоягузории Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бориояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад ва ин масҷид, ки калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, рӯзҳои наздик ба истифода супори дамешавад.

            Натиҷаи дигари ҳамоиши МҲТБО ин ҳамкорӣ ва ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузориро миёни Тоҷикистону Қатар ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи ҳамкориҳое, ки Тоҷикистону Қатар ба роҳмондааст, метавон ҳамкорӣ дар соҳаи об, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар, ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро номбарнамуд ва умедворем, ки дар натиҷаи гуфтушунид ва ҳамкориҳои минбаъда, ки дар МҲТБО дар шаҳри Душанбе баргузор гашт ба ин ҳамкориҳо тақвиятҳо хоҳанд бахшид.Ҳамин тавр вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бояд гуфт, ки Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари сарвари Давлати Қатар ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад.

 

Ҷобир Шокирҷон Тағаймуродович

Кучаров    Алихон

Ассистентони   кафедраи сиёсатшиносӣ.


Back to the list