KGU

Баргузории машварати ҳамкории тадбирхо ва бовари дар Осиё: накш ва мақоми он дар ҳалли мушкилиҳои минтақа.

26.06.2019

Баргузории машварати ҳамкории тадбирхо ва бовари дар Осиё: накш ва мақоми он дар ҳалли мушкилиҳои минтақа.

      Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё созмони минтақавист, ки мақом ва нақши маркарзиро дар ташаккул ва инкишофи мунсобит дар тамоми соҳаҳо махсусан сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ҳарбию низомӣ ва фарҳангиро дар минтақа байни давлатҳо соҳиб буда бо ташабуссии Ҷумҳурии Қазоқостон ва дасгирии СММ соли 1992 таъсис ёфтааст. 24 сентябри соли равон дар ҳошияи Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бовари дар Осиё баргузор гардид, ки зимни он раёсат дар созмони мазкур аз ҶМЧ ба уҳдаи Ҷуҳурии Тоҷикистон гузашт .Раванди соҳибии раёсати ташкилоти мазкур дар давоми соли 2018-2020 мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муносибатҳои байнахалқию минтақавӣ ва дохили минтақавӣ афзун менамоянд ва дубора исботи таъмини амияти миллию давлатиро нишон медиҳад. Баргӯзори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мушкилиҳои минтақаро дар кори конфронси мазкур пешниҳод ва бараси намуда масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

Масъалаҳои амният ва ҳамкори дар қитъаи Осиё; экстермизм ва терроризм; қочоқи ғайриқонунунии маводи мухадир ва силоҳ дар минтақа; Ҷиноят корҳои транснатсионалӣ; хатарҳои экологӣ махсусан обшавии пиряхҳо дар минтақа; таъмини раванди сулҳ ва ҳамгироии дар Афғонистон; рад намудани сепаратизм дар минтақа; ҳали мушкилотҳои давлатҳои Шарқи наздик; моҷарои Фаластин ва Исроил; нигарони ба мушкилии паҳншавии силоҳои кимёвию биологӣ ва таҳдиди он ба амнияти байналмилалӣ; таъмини рушди устувории қтисодӣ ва бартарафсозии мушкилиҳои камбизоатӣ ва бесаводӣдар минтақа; таъмини амнияти энергетиқӣ; ҳамкори дар таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об; гуногунии фарҳангҳо; рушди турризми минтақа; ҳамоҳангсозӣ ва густариши ҳамкорӣ;

Дар минтақаи Осиё ташакули таҳдидҳои замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи мубрам ва кафолати якпорчагии давлатҳо дар минтақа истисно менамояд ва таъмини амният мушкилии тамоми давълатҳои аъзо мебошад. Махсусан ташакули амнияти ҳамаҷонибаи кишварҳо бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ, тақсимнашаванда ва баробари давлатҳо дар минтақа вобаста ба асосҳои қонунҳои байналмилалӣ ва фароҳамсозии шароити созанда байни давлатҳо, ки тамоми халқҳои онҳо дар сулҳу суббот ва шукуфои зиндагӣ намоянд. Ҳамчунин дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои аъзо вобаста ба принсипи “дахнопазирии фазои дохилии давлат” раванди таъмини амниятро дар минтақа тариқи муносибатҳои ҳамгироӣ ва розигии байни давлатҳои абарқудрат ва рӯ ба инкишофи минтақа дар нисбати ташаккули мушкилиҳои сохташудаи ҷаҳонӣ истисно наменамояд. Мебояд давлатҳои абарқудрат мақом ва нақши давлатҳои рӯбаинкишофи минтақаро да асоси ҷойгиршавии мавқеи гополитиашон этироф намоянд ва муносибатро дар асоси манфаитҳои тарафайн бароҳ монанд. Махсусан бо дар назардошти манфиатҳои тарафайн ва мушкилиҳои давлатҳои иштирокчӣ ба таҳкими ҳамкориҳои минбада эҳтиёҷ доранд масалан дарки оне, ки давлатҳои минтақа ба мушкилиҳои сунъи ва ғайри мазҳабии ананавӣ ва таҳдидҳо рӯ ба рӯ мешаванд.Муносибат бояд дар ин самт новобаста аз гуногунрагии фарҳангӣ дар минтақа дар асоси ҳамкории байналмилалӣ воситаи муассир ва муҳимтарин дар ҳалии мушкилиҳои давлатҳои минтақа хизмат намояд. Ҳамзамон мушкилии имрӯзаи минатақа дар нисбати амнияти давлатҳои рӯбаинкишоф сиёсати эксансионии пардапушонаи давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ буда этимоднокиро дар кори конфронс то дарҷае истисно меамояд.Лозим ба ёдоварист давлатҳои рӯбаинкишоф ва пуриқтидорӣ минтақавие низ ҳастанд, ки шарики стратегии онҳо ИМА ва давлатҳои абарқудратӣ Ғарб мебошанд, ки мутаҳидиро дар тамоми самтҳо ва ҳали мушилиҳои минтақа байни давлатҳо заиф месозад. Масалан муносибати ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ, Исроил ва Фаластин. Бояд қайд намоем, ки вобаста ба бартарафии камбудиҳои ҷомеаи минтақа зарурати ҳамкориҳо тарафайнро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ инкишоф бояд дод. Минбад тадбирҳои боварӣ дар асосӣ муколамаи ҳамаҷониба ва ҳамкории бисёрҷонибаи рушд, ки дар он сулҳу субот идома меёбад ва бо баинобатгирии манфиатҳои давлатҳои аъзо новобаста аз сатҳи рушд ба роҳ монда шаванд ва ташаккули хатарҳои эҳтимолӣ дар асоси муносибати хоҷагонӣ хориҷи ба субектҳои минтақавӣ ҳолати татбиқшавиро қасб нанамоянд.

Ташаккули экстермизм ва терроризм дар минтақа мушкилии ҷиддӣ буда, мақоми ин созмонро барои бартарафсози ин вабо бояд этироф сохт. Муборизаи объективона дар асоси манфиатҳои давлатҳои минатақа бартарафсозии ин падидаи номатлуби сохташудаи ҷаҳони муосирро истисно месозад. Махсусан таҳкими муносибатҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, дастрасии давлатҳо новобаста аз сатҳи рушд ва инкишоф дар асоси шартномаи тарафайн ва шарикии стратегӣ бо техникаю технологияи муосири ҳарбӣ вобаста ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамчун варианти эҳтимолии мубориза бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ соҳиб бошанд. Роҳи асосии мубориза ба моҷарогароӣ ва терроризм истифодаи зурӣ нествобаста ба таҷрибаи амалии гузашта, зеро муносибати мазкур хосияти аксуламалиро соҳиб аст. Ҳамзон таъкид, гардидани манъиташвиқу тарғиби тамоми шаклиҳои идеологияи террористи ва ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ инчунин табъизи динӣ ва этиқоди динро маҳкум намудан, ҳали ин падидаро дар минтақа истисно наменамояд. Аз ин ру роҳи дурусти муносибат ва мубориза ба ин мушкилии мавҷуда дарки дурустии заминаҳои идеологии он мебошад, ки бояд аз ҷониби давлатҳои минтақа дар шароити имрӯзаи бисёрфарҳангӣ дарк карда шаванд, ва камбудиҳои ҷойдоштаи дохилии давлатҳои рӯбаинкишофи минтақа, махсусан рушди нокифояи иқтисодӣ, иҷтисмоӣ, ҳабӣ ва илм ки боиси хосияти амалӣ касб кардани муносибати мазкур мегардад дар асоси манфиатҳои тарафайн бартараф карда шаванд.

Мушкили мубрам ва рузмараи минтақа, ки мавриди муҳокима дар ин асно қарор гирифт моҷарои Афғонистон ва таъмини сулҳ дар ин кишвар мебошад, зеро хатарзо будани ҳолати имрӯзаи фазои дохили ин мамлакат дар нисбати мамолики дигари минтақа махсусан давлатҳои Осиёи марказӣ истисно намегардад. Бахотире, ки ҳолати ноосоиштаи имрӯзаи ин мамлакат дар асоси арзишҳои дини ислом бароҳ монда шудаст, ки қисмати зиёдӣ мардуми ин минтақа дар раванди руйовари ба арзишҳо динӣ ба дини ислом руйоварӣ менамоянд. Махсусан бахотири ҳали осоишта пайдо намудани моҷаро дар Афғонистон дар қатномаи қабулгардидаи МҲТБО таъкид гардидаст ки раванди ҳамгироӣ ва сулҳ дар ин давлат аз тарафи худи афғонҳо идора карда шавад, зеро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияту субот дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳони дигар таҳдид мекунад.

            Мушкилии минтақавие, ки истиқлолияти давлатиро зери шубҳа мебурд дахолати давлатҳои абарқудрату пуриқтидор ба корҳои дохилии давлатҳо мебошад. Бартарафсозии мушкилии мавҷӯда дар баргӯзории кори конфрос маврид диққат қарор гирифта банди сеюми қатномаи имзошудаи МҲТБО барои ҳали он башида шудааст.”Мо принсипи дахнопазири ро дар корҳои дохили ва берунии давлатҳо пурра дасгири мекунем. Мо тасдиқ менамоем, ки ягон давлат ё гуруҳи давлатҳо ҳақ надоран, бевосита ва ё бавосита ба сабабҳои гуногун ба корҳои дохили ё хориҷии ягон давлат дахолат намояд ,аз ҷумла ба мақсади тағйир додани ҳукумати қонунӣ. Инчунин ҳар як давлат ҳуқуқ дорад мустақилона системаи сиёсии худро муайян намояд.” Банди мазкур кафолати истиқлолияти давлатии давлатҳои иштирокчиро новобаста аз сатҳи рушду инкишоф қувват бахшида асоси муносибати байни давлатҳо дар раванди ҳамкориҳои судманд дар асоси манфиатҳои миллиашон шуда метавонд. Ҳамчунин бартарафсозии мушкилҳова баҳсҳо бе истифодаи қувваҳои мусалаҳ, таҳдиди қувва ба таъмини бехатари таъкид гадида робитаҳои баҳрӣ ва робитаҳои ҳавои байни давлатҳои аъзо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта асосси пешрави муносибати байни давлатҳо дониста мешаванд.

Дар раванди баргӯзори МҲТБО омодагии худро давлатҳои аъзо дар доираи тақвияти ҳамкориҳои байни давлатӣ бахотири бартарафии ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ки ба пешрафт дар минтақа монеъа эҷод мекунанд изҳор намуданд. Махсусан, қонунгӯзории давлатӣ ба муқобилӣ ҷииноятҳои муташакилӣ фаромиллӣ ба монанди қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои молиявӣ (пулҳои қалбакӣ), хариду фуруши одамон, қоҷоқи силоҳ ва коррупсиямавридимуҳокима қарор доданд, ки ҳали ин мушкилиҳо дар минқаи Осиё мебошад. Ҳамзамон яке аз мушкилиҳои ҷиддӣе, ки ба устуворию амниятӣ ҷомеа, ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолат, рушди устувор ва волоияти қонун таъсири манфи мерасонад коррупсия буда таҳкими чораҳои самарабахш баҳри бартарфсози тамоми навъхои он ва пешгири онҳо тавасутии баланд бардоштани шафофият дар идоракунии давлатӣ, ростақавлию боъэтиноӣ, масъулияти ҷамъияти ва шахсӣ дар кори Ҳамоиши панҷуми МҲТБО дониста шуда мусоидати ҳамкории байналмилалии тамоми давлатҳо дар ин самт пешниҳод гардид, ки дар асоси муносибатҳои объективона ва бологӯзории манфиатҳои давлати аз манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳӣ дар тамоми давлатҳои аъзо ин мушкилиро бартарф менамояд.

Бояд зикр намуд, ки масъалаи дигар ва нигаронкунандае, ки дар раванди баргӯзории МҲТБО мавриди тавваҷҷуҳ қарор гирифт тарки маҷбурии ҷои зист аз ҷониби одамон буд, ки банди 16 қатъномаи қабулгардида барои ҳали ин мушкили дар минтақа бахшида шудааст.“Мо аз он нигаронем ҳастем ки шумораи зиёди одамон маҷбур мешаванд, ки ҷои зисти худро тарк кунанд, ки ба мушкилиҳои назарраси сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон вобаста мебошанд аз ҷумла барои кишварҳо ва ҷомеаҳо дар ин замина густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва кумаки байналмилалиро этироф менамоем”.(банди 16. Декларатсия МҲТБО ).

Мушкилии дигар, ки аз ҷониби давлатҳои аъзо махсусан Туркия пешниҳоди барасӣ қарор дод ҳолати имрӯзаи Шарқи наздик махсусан муносибати тарафайни Исроил ва Фаластин мебошад. Даъвати давлатҳои аъзо дар нисбати ин кишварҳо бахотири таъмини сулҳ дар минтақа бо дарназардошти паҳлуҳои таърихи шаҳри Ерусалим (Байтулмуқаддас), ки ба Фаластин марбут будан норозигиҳоро ба бор овард. Имзо нагардидани се банди қатнома аз ҷониби намояндагии Исроил дар кори Конфрос ҳали мушкилиро душвор мегардонад. Махсусан рӯйовари ба марҳила аввали ташаккули ин ду давлати минтақа исботи он аст, ки мувофиқи қатномаи СММ, таҳти рақами 181(11) аз таърихи 29.11.1947 мандати Британияи Кабир дар бораи ихтиёрдорӣ намудани ин сарзамин бекор карда шуда дар ин минтақа бояд ду давлати комилҳуқук-Давлати арабии Фаластин ва Исроил таъсис меёфт. Аммо давлати Исроил таъсис ёфту халос. Ҷанги арабу Исроил дар соли 1948-1949 монеаи асоси ташаккули давлати арабии Фаластин гардид. 22 ноябри соли 1974 Сессияи 29-уми Ассамблеяи Генералии СММ бори дигар ҳуқуқи халқи Фаластинро барои таъсиси давлати миллӣ тасдиқ намуд. Аз ин рӯ баинобатгири ҳалномаҳои СММ ҳамчун созмони унверсалӣ дар нисбати мутаҳид намудани ин ду давлат бахотири таъмини сулҳ дар минтақа бароҳ монада шавад ва дар асосии манфиатҳои тарафайн роҳи ҳали мушикилиро бунёд хоҳад кард. Зеро шарики старатгии давлати Исроил дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ИМА мебошад.

Хулоса мушкилиҳои мавҷуда дар минтақа дар доираи ин ҷаҳони пуртазод дар асоси манфиатҳои миллӣ, мақоми геополитикии давлатҳо рӯзмара мебошад. Аз рӯ баргӯзории кори МҲТБО ҳали мушкилиҳоро пешниҳод намуда қатъномаи қабул гардидаи давлатҳои аъзо ва муносибати объективонаи оммаи мамлакатҳо дар асоси арзишҳои инсонӣ роҳи ҳали асоси онҳо мешаванд.

 

 

Мудири кафедраи сиёсатшинисӣ

н.и.с. дотсент Пирназаров Э.

Ассистент Некрузи М.

 


Back to the list