KGU

Сафари хизмати ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон

Сафари хизмати ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон 01.07.2019

Сафари хизмати ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон

        Тибқи фармоиши ретори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯаббдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар асоси мактуби розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифов Орзу - сардори шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва Муҳаммадҷони Абдувоҳид - ёвари ректори донишгоҳ барои иштирок дар Конференсияи минтақавии осиёимиенагӣ доир ба натиҷаҳои ба дастоварда ва паҳнгардонии онҳо аз рӯи лоиҳаи барномаи ERASMUS+ PAWER рӯзҳои 25-26.06.2019 ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба сафари хизматӣ фиристода шуда буданд.

            Конференсия дар Донишгоҳи хизматрасонии бойтории тиббии шаҳри Самарқанд муддати ду рӯз баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони лоиҳаи барномаи ERASMUS+ PAWER аз Қирғизистон, Қазоқистон, Британияи кабир, инчунин як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекстон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок доштанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мақсади лоиҳаи мазкур ин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил намудани табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандону унвонҷӯёни МТОКи кишварҳои Осиёву Аврупо мебошад.

Кори конфронс рӯзи 25.06.2019 аз соати 9 оғоз гардид. Конфересияро ректори Донишгоҳи хизматрасонии бойтории тиббии шаҳри Самарқанд Ҳ. Юнусов кушода, меҳмоноро ба шаҳри Самарқанд хушомадед гуфта, ба кори конфронс барор таманно намуданд.

 

Баъд аз суханронии ректор дар давоми рӯзи 25.06.2019 гузориши намоняндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекстон доир ба лоиҳаи барномаи ERASMUS+ PAWER шунида шуд.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз ҳисоботи Орифов Орзӯ - сардори шуъбаи муносибатҳои байналмиллалии донишгоҳ доир ба натиҷа ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи лоиҳаи барномаи ERASMUS+ PAWER шунида шуд.

Дар рӯзи дуюми конфронс намояндаи лоиҳаи барномаи ERASMUS+ PAWER аз Британияи кабир Ҷорҷ Дефолас доир ба барномаи MUSTEC, ки дар Донишгоҳи Мидлсекси шаҳри Лондон таҳия ва барномарезӣ карда шудааст, муаррифӣ карда шуд, ки мувофиқи он вобаста ба таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилотҳои олии кишварҳои гуногун, тарзи ҳуҷҷатгузорию пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи онлайн, интихоби ҳаҷми барномаҳо ва муҳтавои онҳо, ҳисоббаробаркуниҳои натиҷаҳои таълим ва эътирофи онҳо маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар ҷамъбасти кори конфронс туҳфаҳои аз номи донишгоҳ таҳиянамудаи мо ба роҳбариати лоиҳаи PAWER ва Донишгоҳи хизматрасонии бойтории тиббии шаҳри Самарқанд супорида шуданд. Аз ҷумла, як адад китоби Энсиклопедияи шаҳри Кӯлоб, Пайёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Рӯзномаи Анвори Дониш, Рамзи донишгоҳ дар санг нигошташуда ва як адад табақча бо рамзи донишгоҳ барои осорхона ва китобхонаи ин донишгоҳ супорида шуданд.

Баъд аз ҷамъбасти конфронс тибқи супориши роҳбарияти донишгоҳ ба аёдати собиқ корманди донишгоҳ устод Турабек Искандарӣ ба деҳаи равонаки шаҳри Самарқанд рафтем. Зимни аёдат салому дуруди ҳайати кормандон ва туҳфаҳои рамзии донишгоҳ нишони донишгоҳ, рӯзномаи «Анвори дониш», маҷаллаи «Паём»-ро ба устод расонидем. Турабек Икандарӣ аз ин хело хурсанд ҳам шуданд. Ҳангоми суҳбат аз Кӯлоб ба номи хонаи 2-юми худ ном бурда, бо ифтихор аз ҳайати кормандони донишгоҳ ёдоварӣ намуданд.

Мо аз устод пурсидем, то дар вақти барояшон муносиб омада дар донишгоҳ ба донишҷӯёни мо дарс гуянд, ва онҳо низ ин даъвати моро ба ҷону дил гуфта, қабул науданд.

Дар охир иброз доштанд, ки салому дурудро ба мардуми Тоҷикистон, алалхусус ба ҳайати кормандони донишгоҳ бирасонем.

 


Back to the list