KGU

САБАБҲОИ ЗОҲИРШАВИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

02.07.2019

САБАБҲОИ ЗОҲИРШАВИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

    Қобил ба зикр аст, ки аз рўи масъалаи дин ва сиёсат як қатор асарҳои илмии сиёсатшиносони тоҷик чун Г. Н. Зокиров,   А. Маҳмадов, А., Муҳаббатов, С. Шарифов, Ятимов С. ва дигарон ба табъ расидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мафҳуми «экстремизм» ва «терроризм» то имрўз фаҳмиши ягонаи умумӣ надоранд. Масалан Г.Н. Зокиров ин истилоҳро чунин маънидод кардааст: «Экстремизм (лот.eksremus ) – охирин, канора)-фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷўӣ, зeригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла зиддиятҳои байналмилалӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал месозад» . Бояд гуфт, ки дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҳамчун шакли қатъӣ, оштинопазирӣ зоҳир шудани экстремизм баррасӣ шудааст.Мафҳуми терроризмро донишмандон ба навъу шаклҳои мухталиф баён намудаанд. Терроризм ин падидаи номатлуби иҷтимоию сиёсиест, ки заминаҳои онро зиддиятҳои иҷтимоӣ ташкил менамоянд ва характери динию экстремистӣ доранд. Дар он усул ва шаклҳои маҷбурнамоӣ мавриди истифода қарор мегиранд.Таҳлили этимологии вожаи «терроризм» нишон медиҳад, ки ин калима аз ҷиҳати пайдоиш лотинӣ буда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» мебошад. Амали террористиро бошад ташкилоту гурўҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ мекунанд.Дар замони муосир хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амнияти миллии ин ё он давлат, тақсимнопазирии ҳудуд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон зоҳиршавии экстремизм дар ин ё он шакл таҳдид мекунад. Махсусан экстремизм он вақт хавфнок аст, ки бо таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авҷ гирифтани низоъҳои байни этникӣ ва байни мазҳабҳо оварда мерасонад.Мақсади асосии экстремизми динӣ ин эътирофи дини худ ҳамчун дини беҳтарин ва саркўб кардани мазҳабҳои дигари динӣ, маҷбурсозии онҳо ба системаи эътиқоди дини худ мебошад. Аз ҳама экстремистони ашаддӣ барпо кардани давлати алоҳидаро мақсади худ мегузоранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии он бо меъёрҳои динӣ барои ҳамаи аҳолӣ иваз мешаванд. Экстремизми динӣ бисёр вақт бо фундаментализми динӣ алоқаманд аст, ки моҳияти он дар кўшиши аз нав бавуҷудоварии асосҳои тамаддуни «худ», тоза намудани он аз навовариҳои бегона ва баргардонидани «симои ҳақиқӣ» иборат аст.Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд ,аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф мешавад, балки рўз то рўз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад.Пайдоши терроризм ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ пайваста мебошад. Ба омили дохилӣ маҳдудияти иштирок ва фаъолияти мардум дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ва ба омилҳои берунӣ таъсири давлатҳои пурзўр ва кўшиши онҳо дар зери таъсири худ нигоҳ доштани давлати дигар дохил мешаванд.Пешрафти техника, ташаккули воситаҳои информатсионӣ, модернизатсия ва глобализатсия барин падидаҳо   дар паҳнгардии терроризм   боис гаштаанд ки ҳар яки ин маънидоднамоии махсусро талаб манамояд. Инкишофи техника ба мураккабгардии дараҷаи амалиёти террористӣ (террористон бо яроқҳои наву хатаровар мусаллаҳ гардида доираи таъсиррасониашон аз доираи як давлат берун мебарояд).

 

Якчанд омилҳое ҳастанд, ки боиси сар задан ва ё пайдоиши терроризм мегарданд:

1. сиёсӣ-ноустувории сиёсӣ, мавҷудияти режими диктаторӣ, низоъи Шарқу Ғарб (дар масъалаи маданият, анъана ва сарватҳои табиӣ);

2. иҷтимои-иқтисодӣ-сатҳи пасти ҳаёт,бекорӣ (инсонҳои нодор баҳри соҳибсарват шудан чун дигарон дар даст задан ба амалҳои вазнинтарини ҷиноӣ қудрат пайдо мекунанд);

3. иқтисодӣ - терорризм имрўз хосияти савдо (бизнес) – ро ба худ гирифтааст. Ақидае мавҷуд аст,ки даромади ташкилотҳои терррористӣ аз даромади ташкалотҳои нефтистеҳсолкунанда баштар аст;

4.динӣ- маҳдудсозии дин ва фишор ба диндорон, бартариятдиҳӣ ба мазҳабу оини худ ва дурўғин хондани мазҳабҳои дигар, ки аслан ин навъи фаъолият ва амалҳои канора дар муносибатҳои яке аз ҷараёнҳои       равияи шиа-ваҳҳобизм ба назар мерасад;

       5.маънавӣ - бўҳрони маънавии ҷомеа ва сатҳи пасти маданияти сиёсии он;

Бенавоӣ, камбағалӣ, сатҳи пасти маърифат ба пуррагӣ омили бавучудорандаи терроризм нестанд. Шояд омилҳои номбурда то дарачае ба зуҳури терроризму ифротграроӣ мусоидат намоянд, аммо онҳо наметавонанд сабаби ягонаи пайдоиши ин зуҳурот бишаванд. Решаҳои пайдоиши ифротгароӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо эътироф намешаванд ва баҳри рафъи онҳо кўшишҳо ба харҷ дода намешавнд. Майл ба ифротгароиву терроризм вақте пайдо мешавад, ки дар ҳолати нобарории қувваҳо онҳое, ки наметавонанд ба қувваи афзалиятноки душман рўёрў муқобилият нишон диҳанд маҷбуранд ба дигар воситаҳо, ҳатто ба худтаркони рўй оранд .Баҳри пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб барои давлатҳои хурде, ки қудрат надоранд ягона роҳи босамар, бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фараҳнги сиёсии аҳли ҷомеа, таъмини ҳаёти хубу осоишта ба шумор меравад. Надоштани худшиносӣ, таъмини нокифояи зиндагӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурўҳҳои гуногун ва давлатҳои абарқудрат маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ меоранд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуб доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Дар замони муосир пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи давлат набуда дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, оила, мактаб, макотибҳои олӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ уҳдадоранд, ки бар зидди ин амалҳои номатлуб мубориза баранд. Барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дар зеҳну тафаккури ҷавонон маърифати донишҳои сиёсӣ аз қабили арзишҳои миллӣ, рамзҳои сиёсӣ, муқаддассот, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, гуманизм ва дигар рукнҳои давлатдорӣ ҷой дода шавад. Аҳли ҷомеа бояд фаъолияти дастаҷамъона, ҳисси баланди ватандўстӣ ва хештаншиносӣ дошта бошанд. Пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи давлат набуда дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, оила, мактаб, макотибҳои олӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ уҳдадоранд, ки бар зидди ин амалҳои номатлуб мубориза баранд.

 

 

 

    Адабиёт:

1.Зокиров Г.Н.   Терроризм.. – Душанбе, 2004.

2. Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсӣ, ҷилди 111. Душанбе:»Андалеб», 2015.

3.Хоффман Б. Н. Терроризм. Взгляд изнутри. – М., 2003.

4. Бернгард А.С. Стратегия терроризма. - Варшава, 1978.

5. Зокиров Г. Н. Терроризм.- Душанбе, 2004.

6.Муҳаммад А.Н. Донишномаи мухтасари сиёсӣ Душанбе:»Эр-граф»,2016.-378с.

7.Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ Душанбе «Ирфон», 2010

8. Маҳмадов А.Н. Муқаддимаи идеяи миллӣ»Эр-граф»,2013-180с

9. Антонян Ю.М. Терроризм. Криминологическое и уголовно-правовое исследование. [Текст].-М., 1998.-156 с.

10.Батошова А.К. Политический терроризм: детерминация и формы проявления. [Текст].– М., 2004. -194 с.

           

                   

 

   Абдуллоев Н.С.  

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КЎЛОБ БА НОМИ АБЎАБДУЛЛОҲИ РЎДАКӣ

 

 

 


Back to the list