KGU

ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 06.07.2019

ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

         Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даври аввали озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор гардид.Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари эҷоди мусиқии нав, инчунин ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои таранумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон гузаронида мешавад.

      Дар озмуни мазкур 4 номинатсия: сарояндагӣ (академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ), навозандагӣ, ровигӣ ва инчунин шоирӣ пешкаши аҳли толор ва ҳайати ҳакамон гардид.Дар озмун муовини раиси шаҳр муҳтарам Кенҷамо Маҷидова ва ҳайати ҳакамон: Тоиров Хайрулло – мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Ризоев Муҳаммадназар – роҳбари Маркази илмӣ-методии фарҳанги назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Баротов Нурулло – директори ансамбли «Фалак»- и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Шариф Бедаков – директори Коллеҷи санъати ҷумҳуриявии ба номи К. Қурбонови шаҳри Кӯлоб, Файзи Ашӯр - шоир ва драматург, узви Итифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок доштанд.Ба иштирокдорони озмун ҳангоми баҳогузорӣ ҷиҳати мазмуну мундариҷа, бадеияту ҷаззобияти шеъру суруд, оҳангҳо, истеъдоди иҷрокунандагӣ, мазмуну мундариҷаи шеър ва ҳунари баланди ровигӣ диққати ҷиддӣ дода, ба ғолибони озмун роҳхат ба даври баъдии озмун, ки дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад, аз тарафи ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид.Дар бахши шеър шоираи ҷавон Ҳуснигул Раҳимзода, навқаламон: Лоиқ Одина ва Марҷонаи Аҳмадҷон ғолиби озмуни давраи аввал дониста шуданд.

Чунин озмун дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод ва дигар ноҳияҳо низ баргузор гардид.

 


Back to the list