KGU

Маҳкум намудани тероризм ва экстремизм дар ҷомеъаи имрӯза

08.07.2019

Маҳкум намудани тероризм ва экстремизм дар ҷомеъаи имрӯза

     Яке аз масълаҳои ташвишовар ва падидаи номатлубе, ки дар тамоми ҷаҳон ҳатари ҷидди эҷод мекунад ин «терроризм дар ниқоби ислом» ном гирифтааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи имрӯза гардидааст.         Қатлу ваҳшоният ва аз байн бурдани ҳонаҳои мардуми осоишта танҳо ҳоси гуруҳҳои ифроти буда, зарбаи мудҳиш ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёси ва даркӯ фаҳмишашон бифаҳмонем.

Экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки имруз вирди забони ҳамагон гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тӯндрави, аз андоза гӯзаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи «terror» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» андоҳтан аст. Террористон меҳоҳанд, мақсадӯ мароми ҳӯдро бо роҳи зeровари, кӯштор, тарсӯ, ваҳм амали созанд. Террор кардан, яъне дигаронро, ҷомеаро ба ҳолати тарсӯ ваҳшат ва ноӯмеди афкандан аст.

Аз ҳама ташвишовараш ин шомил шӯдани ҷавонон ба гӯрeҳҳои ифротгаровӯ экстремисти мебошад. Мӯтаасифона ин падидаи номатлӯб дар Ҷӯмҳӯрии мо низ баҳӯсӯс дар байни барҳе аз ҷавонон тарафдорони ҳӯдро пайдо кардааст. Боиси нигаронист, ки барҳе аз ин ҷавонони раҳгӯмзада падарӯ модар, ҳамсарӯ фарзандон ва дигар наздиконашонро дар ғӯрбат гӯзошта, ҳӯд ба кишварҳои ҷангзадаи Ироқӯ Сӯрия ва Миср ворид шӯда, ба ин васила ҷони ҳӯд ва дигаронро дар ҳатар мегӯзоранд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои худро ҳар як шаҳрванд бояд бо мақсади ободонӣ ва инкишофи ҳаматарафаи кишвар ва манфиати худ, инчунин ҷамъият истифода барад. Аз айёми хурдсоли шарафи худ ва Ватанашро мӯҳофизат намӯда, ба меҳнат омода гардад ва тартибу интизомро риоя намӯда, намӯнаи ибрати дигарон бошад.

   Зери мафҳуми шаҳрванд мо шахсеро дар назар дорем, ки садоқатмандии худро нисбат ба кишваре, ки дар онҷо ҳуқуқи шаҳрванди дорад нигоҳ медорад ва ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи он кишвар таҳти ҳимоя қарор гирифтааст. Аз ин рӯ шаҳрванди мақомест, ки шахс ба он соҳиб шуда метавонад. Ин мақом шахсро уҳдадор месозад ва ҳуқуқу бартари медиҳад. Давлати мо ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд умеди доими мебандад. Шаҳрвандони ҷавони бакамолрасида, на танҳо соҳиби ҳуқуқу озодиҳои зиёд мегарданд, балки вазифа ва масъулияташон низ меафзояд.

 Чунончи дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри бо намояндагони ҷавонони мамлакат, бо ҳисси баланди масъӯлияти ҷавонони ватандӯст ва пурмасъулият зикр намуданд:

«Шумо-ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату  миллат,  рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар душ доред. Ҷавонон бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эҳсос намоед, аз таҷрибаи пешбӯрди иқтисоду идоракуни воқиф гардед,  манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархўрдҳои ҷаҳони ҳимоя карда тавонед.                        

Шӯмо —ҷавонон идомадиҳандаи таъриҳӯ фарҳанги қадимаи ватани ҳӯд, сарҷашмаи ташаббӯсҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистилол мебошед.»

 Дар ҳаиқат ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат буда, бояд бо тамоми масъӯлият ва ҳисси ватандўстию ватанпарастии худ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое, ки давлат ба зиммаи онҳо гӯзоштааст, ҷавонмардона иҷро намоянд.

Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқи қарор доранд.Агар як тараф давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои мӯайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо  принсипи муҳимтарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути мувофиқату ҳамоҳангии ҳадафҳои шахси ва ҷамъияти масъулияти якҷоя ва масъулияти талаботҳои иҷтимоиро ифода мекунад. Ифодаи «ҳуқуқ бе  вазифа ва вазифа бе ҳуқуқ вуҷуд надоранд».

  Яке аз бобҳои калонтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 34-моддаро дар бар мегирад ба «ҳуқуқ, озоди, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» баҳшида шудааст. Яъне дар қатори доштани ҳуқуқ ва озоди шаҳрванд, инчунин дар назди давлат ӯҳдадориҳоеро доро мебошад, ки барои амали гаштани ҳуқуқҳои худ ва озодиҳояш бояд ин ӯҳдадориҳоро  дар назди ҷомеа ва давлат софдилони иҷро намояд.

  Чуноне, ки собиқ Президенти Ҳиндустон Ма атма Ганд мегӯяд:        

«Аввал мо вазифаҳои худро бояд қотеъона, поквиҷдонона ва бетаваққӯф иҷро кӯнем. Дар ин сӯрат ҳамаи ҳуқуқҳои мо худ аз худ иҷро мешаванд. Вале агар мо кўшиш кунем, ки танҳо ҳуқуқҳои худро амали созем, дар ин сурат ҳуқуқҳоямон ситораҳои парронеро мемонанд, ки ҳамаамон дидаемӯ аммо боре ҳам  ба даст нагирифтаем».

Яке аз чунин ӯҳдадориҳо ин хизмат ба Ватан мебошад.       

     Тибқи моддаи 43-и конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан,Ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиявии он  вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонм мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандўсти ва амнияти милли асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Дар ҷомеаи муосир ва рушди теҳнология ҷавонон аз тарғибу ташвиқи гурeҳҳои моҷарочи худро дур нигоҳ дошта наметавонанд. Ҷавонон баъзан ноогоҳона худро ба оғӯши ин гурeҳҳо мезананд.

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин неру, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе ба зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин неруи ҳассос танҳо тавассӯти ҷавонони «ноогоҳ», «фирефта» ва «беҳабар» аст. Аз ин роҳ бояд афкори ҷавонон тавре тағйир дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату неру ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд. Ҷавонони соҳибтамаддуни моро мебояд, ки ин истиқлолияти бо машаққат ба даст овардаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта нагузоранд ҳеҷ як нохалафе назари бадбинонаи худро ворид намояд.

 

Декани факултаи химия, биология ва география : БобоевБ.Ҷ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Back to the list