KGU

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов 18.07.2019

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза дар Тоҷикистон талош намуда аз ҳар воқеву ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯх дода, росту дурӯғ “аз пашша фил” месозанд. Саҳнаи навбатии онҳо додани «Ҷоизаи байналмилалии ба марҳум Файзинисо Воҳидова" ҳуқуқшинос ва адвокати шинохтаи Тоҷикистон. Чуноне, ки маълум гардид, ҷоизаи мазкур ба афрод ва созмонҳо дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар, рушди ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ, рушди озодии матбуот, мардумсолорӣ, маориф ва фарҳанг, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ дода мешавад.Ҷоиза ҳар сол ба як пажӯҳишгар дар бахшҳои зикршуда ва низ ба як ниҳоди фаъол дар ҳамин арсаҳо, дода мешавад. Тибқи оинномаи Ҷоиза, он дорои мақоми байналмилалӣ буда, шомили лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад. Ба чунин хулоса омадан мумкин, ки ҷоизаи ҳуқуқи инсон ба марҳум Файзиниссо Воҳидова, ки бо “талошу заҳматҳо”-и Илҳом Ёқубзода, роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ ва албатта бо дастуру ҳидоятҳои Ҳизби наҳзати ислом дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва сабти ном шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова дар навории видеоӣ ба Илҳом Ёқубзода муроҷиат намуда чунин гуфтааст: -бародар Илҳомҷон Ёқубзода, ту барои анҷоми ин корат ҳақ надоштӣ, зеро ту як гуреза ҳастӣ, барои чунин корҳо давлату Ҳукумат ҳаст, агар лозим донанд. Ту барои соқит намудани маблағҳои гирифтаат, ин амалро анҷом додаӣ. Ту биё бо ман гап зан. Ба зани ман нарас! Ман ин корҳоятро дигар набинам. Агар хоҳӣ зани худ, модару падаратро навис. Тавассути зани ман “хол” мегирӣ. Худат ягон кор карда наметавонӣ, зани манро истифода бурда истодаӣ. Зани ман, яъне Файзиниссо Воҳидова ҳуқуқшиносе буд, ки вазифаи худро анҷом додааст. Аммо вай мухолифи давлат набуд. Ту ин корҳоро накун. Дар сурати такрор ёфтани ин кирдорҳояш ба наздат меравам ва туро хафа месозам. Ҳар боре, ки ту дар бораи занам ягон амалро анҷом диҳӣ, ман бемор мешавам. Номбурда ба И.Ёқубов бори дигар таъкид менамояд, ки ӯ ба оилааш халал расонида истодааст. У чор фарзанд дорад, барои оилаашон ҳар кор лозим шавад, аз ӯҳдааш баромада метавонанд. Барои ҳамсари ӯ дуову фотиҳа лозим аст. Агар онҳо мусулмон бошанд, медонанд, ки бо ин ҷоизаашон марҳумро ҷаннатӣ намекунанд. Мақсади онҳо несту нобуд сохтани пулҳои гирифтаашон мебошад. Хитоб ба И.Ёқубов намудааст, ки ту мард нестӣ. Лозим ба ёдоварист, ки ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова 4-уми январи соли 2019 дар синни 54 солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум бори аввал нест, ки ба ин ноҷавонмардон муроҷиат мекунад. Номбурда, борҳо расман бо роҳҳои гуногун ба гурӯҳҳои мухолифин, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ муроҷиат менамояд, ки аз зани ӯ сӯистифода накунанд. Ӯро ва оилаашро ором гузоранд. Ҳамсари ӯ ниёз ба ягон ҷоиза, қаҳрамонӣ надорад. Барои ӯ танҳо дуову фотиҳа лозим аст. Ба шахсияти онҳо нарасанд. Мақсад аз овардани ин сатрҳо дар он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бояд бидонанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо таъсиси ҳар гуна гурӯҳу гурӯҳчаҳо, аз мавқеи кишварҳои аврупоӣ истода, мехоҳанд аз ҳисоби дигарон ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода намоянд. Ин “мардони дур аз майдон”, ошкорро, ноҷавонмардона аз мавқеи як зан, ки ӯ танҳо барои худ софдилона вазифаҳояшро иҷро намудааст, бе мувофиқа бо наздикону пайвандонаш истифода намуда истодаанд. Бори дигар Ҳизби наҳзати исломӣ аз макру ҳиял ва бозиҳои сиёсии пасипардагии худ дарак дода истодаст ва нишон медиҳад, ки онҳо ба чӣ корҳо қодиранд. Агар лозим шавад аз занону модаронамон истифода мекунанд, ҳатто аз мурдагон. Саид Раҳим, сокини ш.Душанбе Навори видеоиро инҷо бинед: https://www.youtube.com/watch?v=_lwUdj44ufc&feature=youtu.be&fbclid=IwAR2Fd-BBR_HMEFL6Oe0M061ObqFX_N3Wb8kyxPlgXM5rjU3ZQE8iy1Wb2w4

Back to the list