KGU

Маҳфили “Информатикони ҷавон ”тақвият меёбад

Маҳфили “Информатикони ҷавон ”тақвият меёбад 03.12.2019

Маҳфили “Информатикони ҷавон ”тақвият меёбад

Тибқи нақшаи кории кафедраи илмҳои компютерии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 03.12.2019 дар толори факултети Физика ва математика  маҳфили навбатии “Информатикони ҷавон” баргузор гардид , ки дар он 39 нафар донишҷӯ ва 20 омӯзгор иштирок намуданд. Дар маҳфили мазкур аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд, ки мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт; маърӯзаи аввал аз тарафи Зарипова М. донишҷӯи курси 1-уми факултаи филологияи хориҷӣ дар мазӯи “Техналогияи коркарди иттилооти графикӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Иброҳими М. донишҷӯи курси1-уми факултаи молиявию иқтисодӣ дар мавзӯи “Шабакаҳои компютерӣ” баромад намуданд, ки дар охир баъд аз шунидани маърӯзаҳои мазкур маҳфил бо саволу ҷавоб ба итмом расид. Маҳфили номбурда дар як моҳ ду маротиба баргузор мегардад.



Back to the list