KGU

Семинари навбатии раёсати илм ва инноватсия

Семинари навбатии раёсати илм ва инноватсия 05.12.2019

Семинари навбатии раёсати илм ва инноватсия

Семинари навбатии раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 05.12.2019 дар толори Шӯрои олимон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур маъруза дар мавзӯи “Сохтори рисолаи илмӣ” бо иштироки доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирзоев С.С ва номзадону омӯзгорони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар равандӣ семинари мазкур тарзи дуруст ва бехато ҷойгиркунии сохтори рисола омӯзонида шуд ва қайд гардид, ки рисолаи илмӣ бояд дорои муқова, мундариҷа, муқаддима, бобҳо, хулоса, адабиёт ва замимаҳоро дар бар гирад. Семинар бо пурсишу посухҳо ба итмом расид.



Back to the list