KGU

Якдигарфаҳмӣ ин хушбахтии оила аст

Якдигарфаҳмӣ ин хушбахтии оила аст 12.12.2019

Якдигарфаҳмӣ ин хушбахтии оила аст

Дар таърихи рӯзи 12.12.2019 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ошёнаи ҳаштум чорабинӣ дар мавзӯи "Зӯроварӣ дар оила" бо ташаббуси ассистенти кафедраи Забонҳои хориҷӣ ва МТ-он Сайдалиева Маърифат баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ду бахшу даҳ қисмат иборат буд. Дар бахши аввал маърӯзаҳо дар мавзӯи “Зӯроварӣ дар оила" аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён пешкаш шуданд. Бахши дуюм бошад қисмати фарҳангиро дар бар мегирифт. Дар ин қисмат донишҷӯён шеърҳо ва рақсҳои дилнишине пешкаши меҳмонону омӯзгорон намуданд. Чорабинии мазкур бо суруди “Зиндагӣ зебост”  аз тарафи донишҷӯён ба фарҷом расид.

-      


Back to the list