KGU

Дунёи сиёсат

Дунёи сиёсат 18.02.2020

Дунёи сиёсат

Санаи 17, 02, 2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳфили «дунёи сиёсат»-и назди кафедраи сиёсатшиноси баргузор гардид. Кафедраи сиёсатшиносӣ нақшаи кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019-2020 нимсолаи дуюм низ ба роҳ мондааст.

Маҳфил дар як моҳ ду маротиба, аввал ва охири ҳар моҳ дар якҷоягӣ бо телевизиони далатии Кӯлоб баргузор мегардад, ки рафти маҳфили мазкур тариқи телевизион пахш мегардад.

Барои оғози чорабинӣ нахуст роҳбари маҳфил   Ҷураев Далерхӯҷа Қурбонович баромад намуда, қайд карданд, ки маҳфили сиёсатшиносӣ яке аз маҳфилҳои умумидонишгоҳие мебошад, ки метавонад воқеан ҳам донишҷӯёнро бо донишҳои мухталифи сиёсӣ, вазъи сиёсии дохиливу хориҷии ватани азизамон Тоҷикистон ва амсоли инҳо таъмин намояд.

Баъдан тибқи нақшаи кории маҳфил донишҷӯёни зерин маърӯзаҳои омоданамудаашонро пешниҳоди иштирокчиён намуданд:

   

1; Мадасани А - донишҷӯи бахши дуюми факултаи химия, биология ва география дар мавзуи «сиёсатшиносӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ» .

2; Фотимаи Ҷ- донишҷӯи бахши дуюми факултаи физика ва математика дар мавзуи «муқаддимаи фанни диншиносӣ» баромад намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавобҳо ба итмом расид.


Back to the list