KGU

Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба нооромӣ ва бадбахтии мардумон

Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба нооромӣ ва бадбахтии мардумон 02.04.2020

Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба нооромӣ ва бадбахтии мардумон

Санаи 02.04.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи №19 “Ҷамъияти илмии донишҷӯён” баргузор гардид. Дар конференсия донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи “Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба нооромӣ ва бадбахтии мардумон” маърӯзаҳо намуданд, ки фарогири масъалаҳои зерин буд:




1.     Терроризм ва ифротгароии динӣ дар замони пеш ва имрӯз. Маърӯзачӣ: Бориев Ҳамроз, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;

2.     Терроризм ва ифротгароии динӣ – сабабгори бадбахтӣ ва нокомии занон. Маърӯзачӣ: Барфакзода Фазилатмоҳ, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика;

3.     Исломи сиёсӣ ва ҷанги байнихудӣ дар Тоҷикистон. Ҳикматуллозода Бадриддин, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика.

  


           Дар конференсия омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок варзида, баъд аз шунидани маърӯзаҳо ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод намуда, посухи худро ёфтанд. Инчунин сарпарасти маҳфил мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, ховаршинос, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён суханронӣ намуда, ба ҷавонон оид ба ин хатари глобалӣ ва мубрами рӯз ибрози назар карданд.

           Сухани ҷамбастӣ ба ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова дода шуд, зимни баромад иброз доштанд, ки аксарият ҷавонони мо аз надоштани саводи кофӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротгаро шомил мегарданд.



   


Back to the list