KGU

Гулпарастон маъбади доноиянд

Гулпарастон маъбади доноиянд 21.04.2020

Гулпарастон маъбади доноиянд

Озмуни Ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” бо ташаббус ва андешаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати бепоён ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ ин озмун дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, маркази вилоятҳо ва пойтахти кишвар гузаронида шуд.


        Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар ин озмун иштирок варзид. Донишгоҳ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, кӯчабоғҳо, кӯдакистони “Ситора” – и назди донишгоҳ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода, беш аз 177 ҳазор гулҳои лола, садбарг, шамшод,  патунӣ ва дигар гулҳои мавсимӣ шинониданд.

        Боиси ифтихори донишмандон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки дар ҷамъбасти озмуни вилоятии соли 2020 Донишгоҳ сазовори ҷойи аввал, Лауреати озмун ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардид. Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба Донишгоҳ  Диплом, “Дирафши ғолиби озмуни ҷумҳуриявии гулҳо 2019-2021” ва нишони рӯимизии “Сайри гули лола”-ро ботантана, зери кафкӯбиҳои ҳозирин тақдим намуд.




Back to the list