KGU

МАРГ БА ТУ, КАБИРИИ БАДЗОТ!

23.05.2020

МАРГ БА ТУ, КАБИРИИ БАДЗОТ!

Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойли сиёсӣ 

Ҷои таассуф аст, ки имрӯз тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро вируси нави COVID-19 фаро гирифтааст. Ва иншоолоҳ, бояд гуфт, ки ҳарчӣ зудтар ин вабо аз сари миллати мо ва аҳли сайёраи замин нест хоҳад шуд, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намуда, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Муҷиби нагаронии мо, шаҳрвандон, чизи дигар аст, ки дар ҳамин рӯзҳои мушкилу сахт чанд тан мухолифи ҳангомаҷӯи дар хориҷи кишвар қарордошта, ба хотири иғвогариву ҳангомасозӣ ин ҳама талошҳои Сарвари фарзонаи миллат ва ҷонфидоиҳои табибони моро сарфи назар намуда, аз ноҷавонмардиву разолату бешарафӣ дасти кор гирифтаанд.

Як ҳолат бисёр мушаввашам кард, ки устод Абдуллои Раҳнамо-яке аз сиёсатшиносони варзидаи тоҷик ва таҳлилгари муваффақ бо аҳли оилааш гирифтори коронавирус шуданду ин вазъ расонаӣ гардид ва саркардаи бенизомию бединию бедиёнатии исломӣ, Кабирии лаънатзадаи ду ҷаҳон, дар ҳамин ҳол, таънаи номардона зада, марги ин инсонро хостааст.

Наход ин нишони одамият бошад? Куҷои ту мусулмон аст? Дар ту чӣ ҳувввияту дине ҳаст? Ҳатто нодонтарин фард марги ҳамватанашро намехоҳад. Дар ақсои олам, миллионҳо одамон гурезаанду муҳоҷир, паноҳгоҳи сиёсӣ гузидаанд, ва ҳар бор онҳо аз Ватан сухан мекунанд, оҳу фироқ мекашанд.

Вале чун ту, бешарму беҳаёро бори аввал мебинам, ки ба маргумир дар Ватан ин қадар шодӣ кунад! Магар аз ин бештар беномусию бешарафию ҳайвонсифатӣ дар ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта бошад?!!!

Бубинед, ки агар миллатҳои дигари ҷаҳон ба ҳамдигар кӯмаки моддӣ расонида натавонанд ҳам, ҳадди ақал изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Бовар кунед, дӯстон, нафратам даҳболо шуд нисбат ба ин Кабирии лаину манфуру худобехабар ва ин амали ноҷавонмардонаашро ба ҷуз хиёнат ба ватану миллат, дигар чизе унвон карда наметавонам!!!


Back to the list