KGU

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САҲИФАИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХ!

01.10.2020

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САҲИФАИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХ!

Санаи 9-уми декабри соли 2017 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки соати 10 оғоз шуд, вакилони парламенти Тоҷикистон тарҳи ниҳоии қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро муҳокима карда қабул намуданд. Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон тарҳи қонуни мазкурро «таърихӣ» номида, афзуд, ки «Эмомалӣ Раҳмон ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд».
Агар воқеан ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров жарфтар назар андозем, дармеёбем, ки Эмомалӣ Раҳмон эҳтиёҷ ба таърифу тавсиф ва мадҳу сано надорад, балки эҳсос ва иродаи мардум ҳаст, ки ба ӯ ин гуна унвонро лоиқ медонанд.
Ҳангоми муҳокимаи қонун ҳудуди 50%-и вакилони Маҷлиси намояндагон барои суханронӣ дар муҳокимаи тарҳи қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» суханронӣ намуданд. Ҳатто раисони ҳизбҳои мухолиф ҳам андешаҳои ҷолиб ва тарафдории худро бо суханони раднопазир баён доштанд.
Бештари равшанфикрон, ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимр Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Президенти мо баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Нақши Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими сулҳи тоҷикон, балки пойдории сулҳ дар минтақа, хусусан кишвари ҳамҷавори Афғонистон низ бориз аст. Иқдомоти наҷиби дар ин арса анҷомдодаи роҳбари давлати мо аз ҷониби аксари коршиносони масоили байналмилалӣ, сиёсатшиносону донишварон ва давлатмардону ходимони ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ эътироф гардидааст.
Аз оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон метавон бар ин натиҷа расид, ки дар меҳвари онҳо рушд ва эъмори давлатӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷойгоҳи мустаҳкаме дорад.
Имрӯз вақте мо ба як куллаи бузурги шукӯҳу нусратҳои истиқлолияти давлатии хеш, ки аз он наздик ба 30 сол мегузарад, наздик мешавем, беихтиёр зарурати таваҷҷӯҳ ба ин гузаштаи начандон дур пеш меояд. Дар сароғози ин андешаномаҳои хеш ба барномаи роҳбари давлат дар айёми баргузории иҷлосия руҷӯъ намудан беҳикмат набуд, зеро моро зарурате пеш омадааст, ки акнун ба он фурсатҳои барои миллатсозиамон муҳим ҳам сабақи таърих ва дарси давлатдориву давлатсозӣ назар афканем. Вақте мо аз ин айём ва рӯзгори душвори миллат ва ҷараёни миллатсозӣ дар ин фосила сухан мекунем, бояд зиёдатар барои наслҳои имрӯз, ки худ зодагони даврони истиқлол ҳастанд, ин корномаҳоро ба ҳукми дарсҳои навини таърихи давлатдорӣ ва миллатсозӣ нақл намоем, то барои онҳо сабақҳои ибратомӯз бошанд.
Доимо кӯшиш бояд кунем, ки барои миллати тоҷик чун пешвои он хизматҳои арзанда намуда, барои ободонии ин меҳан ҷаҳд ва талош варзем, то ки насри оянда танҳо бо корҳои дар ҳаққи миллат кардаи мо моро баҳо медиҳанд ва ҳамчун шахсият мешиносанд. Кор ва амали инсон баёнгари шахсияти ӯст. Аз ин рӯ, набояд корҳое дар ҳаққи мардум кунем, ки фардо фарзанди мо аз нафрат кунаду шармандаи таърих гардем.

Низомиддин КОМИЛОВ.
Мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.


Back to the list