KGU

ОБ ГАВҲАРИ ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

ОБ ГАВҲАРИ ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР 09.02.2021

ОБ ГАВҲАРИ ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

Саҳни бинои тозаву озодаи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо шиори «Об барои ҳаёт», « Об сарчашмаи ҳаёт аст» озин шудааст. Ҳамчунин дар рӯи лавҳае ба масоҳати 3x 4 симои Пешвои муаззами миллат, ба ҳангоми суханронӣ аз минбари Милали Муттаҳид ва суханони “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 ба тасвир расидаанд.
Дар саҳни мазкур беш аз 100 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон, аз ҷумла духтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда низ ҳузур доштанд.
Дар сафи пеши донишҷӯён рӯи курсиҳо устодони ботаҷрибаи Донишгоҳ нишастаанд. Ба таври умумӣ имрӯз як фазои идона Донишгоҳро фарогир буд, зеро ҳама мехостанд бо чашми худ бубинанд, ки чӣ гуна оби зеризаминӣ аз таги сад метр ба боло фаввора зада мебарояд.
Дар ҳақиқат барпо кардани чунин маросими бошукӯҳ ба муносибати бо об таъмин намудани ҳам хобгоҳи донишҷӯён ва ҳам сабзу хуррам гардонидани якчанд қитъаҳои замини назди биноҳо, кори осон нест. Ба душвориҳои молиявӣ нигоҳ накарда ин иншоотро ба истифода додан заҳмати зиёдеро мехоҳад.
Ин маросим ҳамчунон муждарасон буд, ки Донишгоҳ соли нави 2021 - соли пешвозгирии ҷашни муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста пешвоз хоҳад гирифт. Чуноне ҳама огоҳанд барои пешвози шоистаи он дар кишвар садҳо иншоотҳои саноатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба кор хоҳанд даромад ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Кӯлоб нахустин шуда иншооти ҷашниро ба кор даровард.
Чунин буд мазмуни фишурдаи суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Мирализода А.М., дар маросими ба истифода додани чоҳи амудии нави Донишгоҳ.
Ҷолиб он низ буд, ки дар як канор рӯи мизҳои лабораторӣ дастгоҳҳои нави обсанҷиро ҷой дода, гидрологҳои ҷавон (аз кафедраи география) ба санҷиши сифати об машғул буданд.
Ҳама хушнуд буданд, ки ба Донишгоҳ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ташриф овардаанд.
Дар ҳамоиш муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф баромад карда, аз ҷумла қайд карданд: «Бо ташаббуси, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз соли 2005 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, эълом гардида дар чаҳорчӯби ин пешниҳоди хирадмандона дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳои самарабахш андешида шуданд.
Дар ин замина Точикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бо сиёсати хирадмандонаи наҷиби Пешвои миллат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур, давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуд, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад, ки ин дархӯри рамзе мебошад, ишора ба ҷашни Наврӯз, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ касб кардааст».
Дар поёни ҳамоиш донишҷӯёни истиқоматкунанди хобгоҳ бо камоли эҳтиром, сипосгузории худро аз Ҳукумати Мамлакат, раиси шаҳри Кӯлоб ва раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баён намуданд.

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят, воздушный шарик и на открытом воздухе)       Возможно, это изображение (на открытом воздухе)

Возможно, это изображение (6 человек и люди стоят)       Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и на открытом воздухе)



Back to the list