KGU

Конференсия таҳти унвони "Занон ва рушди илми муосир"

Конференсия таҳти унвони "Занон ва рушди илми муосир" 09.02.2021

Конференсия таҳти унвони "Занон ва рушди илми муосир"

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфренсияи илмӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм, зери унвони “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Раҳимзода Раъно оғоз гардид. Сипас сухани муқаддимавиро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар баён намуданд. Зимнан ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор муҳтарам Мирализода Абдусалом Мустафо дар конференсия суханронӣ намуда, меҳмононро ки аз тамоми вилояти Хатлон ҷамъ омада буданд, хайрамақдам гуфта қайд намуданд, ки чунин нишастҳои илмии бонувони донишманд дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши шоиста хоҳад гузошт. Пас аз ин давоми конференсия дар бахшҳои алоҳида сурат гирифт. Дар бахшҳои мазкур мақолаҳои илмии бонувони олими вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар қисмати дуюми конфренсия аз тарафи дастаи ҳунарии донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ консерти ҷолиб ба намоиш гузошта шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар байни солҳои 2018 – 2021 конференсияи дуюме буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид. Баргузории чунин конференсияҳо иқдоми хуби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Раҳимзода Раъно дар амалисозии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа мебошад.

Возможно, это изображение (13 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (12 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (20 человек, люди стоят и люди сидят)     Возможно, это изображение (11 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (21 человек, люди стоят и текст «UKA шиносномаи хастии укук AM чахонист, низоми сохибихтиери сати дохилию хоричй, иктисодй фархангии илона пеш мебарад эмомали рахмон NE5E88»)

Маркази матбуотӣ


Back to the list