KGU

МУШТРО БО ДАРАФШ КУФТӢ ХУНШОР МЕШАВАД

22.02.2021

МУШТРО БО ДАРАФШ КУФТӢ ХУНШОР МЕШАВАД

Рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», Озодӣ ва монанди он ба суханрониҳо ва навиштаҳои беасоси ба ном «нерӯи мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон» дучор меоем, ки як маъракаи аз боло тарҳрезишударо мемонад. Ҳар гоҳ дар Ғарб ва он тарафи Уқёнус ҷунбуҷули Русияситезӣ авҷ бигирад, боқимондаҳои Ҳизби Наҳзати ислом низ чун сангпушт сар аз косаи соябахши хеш берун меоваранд ва ғайбатҳои дилбазани худро, ки гӯё дар Тоҷикистон аксари мардум гуруснаву бечораанд ва монанди он ба такрор мехонанд. Ман тахмин мезанам, ки неруҳои сиёҳи ҷаҳонхор ин фаъолсозии мухолифонро ба он хотир ба роҳ андохтаанд, ки имсол дар пойтахти кишвари мо чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоиши Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ доир хоҳад гашт ва ин ниҳоди барои мо ва кишварҳои ҳамсояи мо ниҳоят муҳимро дар ин давра Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ доранд. Пеш аз ҳама наҳзатиён худро бо собуни ишқорӣ мешӯянд, ки гӯё онҳо террорист набуданду нестанд ва усули муборизаашон мусолиматомез, ҳадафашон «БАРҚАРОРСОЗИИ давлати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар, бидуни хушунат» мебошад. Ин иддаои эшон овозаи он гурбаро мемонад аз достони машҳури «Мӯш ва гӯрба» - и Убайди Зоконӣ. Яъне гӯрба овоза паҳн мекунад, ки ба истилоҳи наҳзатиҳо қонунмеҳвару демократ шуда, ба хушунат ҳаргиз даст нахоҳанд зад, яъне дигар мўш нахоњад хўрд. Сипас чӣ кор мекунад, гӯрба ва чӣ мешавад ба мӯшҳои зудбовар, ҳама медонед. Дар матни боло онҳо вожаи БАРҚАРОРСОЗӣ - ро ба кор бурдаанд, ки гӯё давлате бунёд карда буданд демократӣ, озод ва қонунмеҳвар, аммо бечораҳоро нагузоштанд зинадгии мардумро чун болшевикҳо ба «коммунизм» бирасонанд. Дар дил умед мепарваранд, ки шояд ҷавонони бо чашми худ он кушту кушторҳо, он қаҳтиҳову гуруснагиҳои эҷодкардаи наҳзатиҳоро надида, бовар кунанд, ки онҳо демократия ва зиндагии хуррам сохта буданд. Аммо бехабаранд, ки ҷавонон ба ҳар як шеваи гуфтор, ба усулҳои дурӯғбофиҳои ба истилоҳ мухолифинро ба осонӣ мефаҳманд ва ба гуфтаҳову навиштаҳояшон писханд ҳам мезананд. Чуноне Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИ изҳороти раиси кумитаи амнияти миллии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷро рад карда изҳор доштааст, ки ҲНИ на дар Тоҷикистону Афғонистон, на дар кишвари дигар неруҳои низомӣ надоштааст. Аммо ҲНИ - ро на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва онро ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳо додааст, ки чун ҳизбҳои дигари экстремистии динӣ ҳамеша дар муборизаҳои мусолиматомез бой медиҳанд, даст ба силоҳ мебаранд. Ба мо маълум аст, ки дар кишварҳои Миср, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон ва як идда кишварҳои дигари мусалмонӣ агар сулҳ ба даст меомад, аз ҳама беш 30, 40 то 50 сол давом мекард, сипас пайдо мешуданд, неруҳои дигаре, ки бо баҳонаи овардани давлати ҳуқуқбунёди динӣ, нисфи одамонро аз дами теғ мегузаронданд. Дар Мисру Сурияю дигар мамлакатҳои арабӣ агар хато накунам, солҳои 1957 - 1958 бо ёрии Иттиҳоди Шӯравӣ сулҳ ҷорӣ шуд, вале 50 сол пас даргириҳо азнав сар шуданд. Дар Афғонистон аз соли 1924 оромӣ фаро расид, вале соли 1979 (пас аз 55 сол нооромиҳову ҳамдигаркушиҳо азнав оғоз шуданд). Акнун 40 сол ба ин тараф дар ин кишвари шеъру илм унсурҳои ҷиноӣ аз кишварҳои арабӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ гирд омада дар пардаи ислом ба бадтарин кирдорҳое, ки онҳоро ислом шадидан ҳаром медонад, маҳкум мекунад ва куфр мешуморад, яъне коштану истеъмолу интишори маводи мухаддир, ба куштори одамони бегуноҳ, таҷовуз ва дигар амалҳои зишт даст мебаранд. Мақомоти амниятии Ҷумҳурии исломии Афғонистонро чӣ зарур омадааст, ки дурӯғ гуфта, аз пеши худ хабари иштироки наҳзатиёнро дар тараддудҳои зидди давлатҳои мустақилу озоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон паҳн кунанд? Агар изҳороти расмии Ҷумҳурии исломии Афғонистонро рад кунанд, ба суханрониҳои шахсияти сиёсию миллии он кишвар, вакили порлумон ва сарвари фраксияи тоҷикони Афғонистон, шоиру донишманди дил ба меҳри тоҷикон супурда, Латифи Пидром чӣ хоҳанд гуфт? Латифи Пидром бо таассуф изҳор дошт, ки ба зодгоҳи ӯ, ки дар Дарвози Афғонистон ҷой дорад, дастаи толибон (аксаран паштутаборон) ҳамлаи ваҳшиёна бурда тамоми хурду калон - аз кӯдаки гаҳвора то пири барҷомондаро қатл карданд, ки дар байнашон 5 - 6 нафар аз наҳзатиёни Тоҷикистон низ буданд.? Маро боварам бар ин аст, ки дар «Конфронси минтақавии мубориза алайҳи терроризм», ки намояндагони кишварҳои Покистон, Амрико, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ки дар он раиси Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон профессор Саймӯъмин Ятимов низ ширкат доштанд, он кас ин рӯйдоди фоҷеаборро ҳатман ёдовар шудаанд. Ҳамоиши кишварҳои дар боло ёдшуда гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз барои аз байн бардоштани решаҳои терроризму экстремизм гирдиҳам хоњанд омад, зеро падидаҳои терроризму экстремизм ба амнияту осудагии тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад ва ҳатто доираи иқомати террористони гуреза, ки дар пушти ниқоби «муҳоҷири сиёсӣ» ба кишварҳои пешрафта панаҳ мебаранд ва ба зиндагии даҳриву дунявии онњо халал ворид мекунанд, зери фишори мардумони тањљої њатман танг хоњад шуд. «Радиои Озодӣ» дар ин хабари худ ба натиҷае расидааст, ки «Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар Афғонистон беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз ҷамъомади ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.» Нигаронии Мақомоти амниятии Тоҷикистон дуруст аст ва мо низ бо таассуф тахмин мезанем, ки кадом неруҳое ҳастанд дар Ғарбу Шарқи ҷаҳон, ки бисёр мехоҳанд ҳамдиливу оромӣ дар Афғонистон ҳукмфармо набошад ва ин нооромӣ аз рӯди Омӯ гузашта дар Русияи паҳновар густариш ёбад. Аммо он неруҳои лухтакмонанд бо лухтакбозонашон мушт ба дарафш мезананд, ё беҳтараш бо шохи гов пушташонро мехоранд. Акнун Тоҷикистон неруҳои пурзӯртарини марзбонҳоро дорад, гузашта бар ин ҳар як бошандаи деҳоти наздисарҳадӣ низ марзбони Меҳан мебошанд. Ва низ Тоҷикистон дар нигаҳбонии марзҳои худ шарикони стратегии устуворе дорад, ба мисли Русия, Чин, Узбекистон, Туркманстон, Қирғизистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигари хушбин. Кова Пираков.

Back to the list