KGU

ОЛИМПИАДА БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН” ОҒОЗ ГАРДИД

ОЛИМПИАДА БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН” ОҒОЗ ГАРДИД 11.03.2021

ОЛИМПИАДА БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН” ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими кушодашавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Дар Олимпиада донишҷӯён аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуда, дар бахшҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ, физика, астрономия, химия, геология ва биология дониши худро санҷиданд.

Бояд зикр намуд, ки тайи 8 сол аст, ки дар мамлакат Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  баргузор карда мешавад. Имсол дар Олимпиада 194 нафар  донишҷӯ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур 2 рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбасти он 13 март дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"


Back to the list