KGU

ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА" 14.04.2021

ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БО ИФТИХОРУ ХУШНУДӢ МУЖДА МЕРАСОНАД, КИ ДОНИШГОҲ ИМСОЛ НИЗ ЧУН ПОРСОЛ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУЛҲО - СОЛҲОИ 2019 - 2021, УНВОНИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. ҲАМЧУНОН ДОНИШГОҲ ДАР НОМИНАТСИЯИ «БИНОИ БЕҲТАРИН» САЗОВОРИ ҶОЙИ ЯКУМ ДОНИСТА ШУДА, БО ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1 САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД. НОГУФТА НАМОНАД, КИ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРӢ, БОҒИ БА НОМИ САИДАЛӢ ВАЛИЗОДАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД.
РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ, ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНРО БО ҒАЛАБАИ НАВБАТӢ ТАБРИК НАМУДА, БАР ОН БОВАР АСТ, КИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БО ДАСТОВАРДҲОИ НАВИНИ ШОИСТА ПЕШВОЗ ГИРИФТА МЕШАВАД.

Возможно, это изображение (цветок и небо)     Возможно, это изображение (цветок и на открытом воздухе)

Нет описания фото.     Нет описания фото.




Back to the list