KGU

ИФТИТОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

ИФТИТОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ 09.01.2022

ИФТИТОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Дар таърихи 76-солаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин маротиба ин дастовард ба даст омад.

Бо фармоиши Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2021, таҳти №348 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 -Педагогика ва психология (6D010301 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот), 6D012000-Таълими касбӣ (6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ)) ва 6D050300 - Психология (6D050307 -Равоншиносии педагогӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02-Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (таҳсилоти касбӣ)) ва 19.00.00-Илмҳои равоншиносӣ (19.00.07-Равоншиносии педагогӣ) таъсис дода шуд.

Имрӯз дар бинои маъмурии донишгоҳ нахустин ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ баргузор гардид.

Дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, аъзоёни Шӯро ва садорати донишгоҳ иштирок доштанд.

Сараввал профессор Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуда, ин дастовардро ба ҳайати устодону омӯзгорон табрик гуфт. Қайд карданд, ки ифтитоҳи Шӯрои дисертатсионӣ барои донишгоҳ дастоварди бузургу назарасе ба ҳисоб меравад.

Сипас, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ суханронӣ намуда, нахуст ҳозиринро табрик гуфт ва барои фаъолияти оянда маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, қайд карданд, ки бояд диссертатсияҳое ба Шӯро пешниҳод шавад, ки аз камбудӣ орӣ бошад.

Бояд гуфт, ки аъзоёни Шӯрои дисертатсионӣ аз 15 нафар дотсенту профессорҳо ташкил ёфтааст: Мирализода Абдусалом Мустафо, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, раиси Шӯро, Қурбонов Абдураҳмон Шерович, муовини раиси Шӯро, доктори илмҳои фалсафа, Рафиев Сафархон Аюбович, котиби илмии Шӯро, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ, Абдуллоев Маҳмуд Холович, аъзои Шӯро, доктори илмҳои таърих, Ашӯрова Шаҳло Кулобиевна, аъзои Шӯро, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ, Гулмадов Файз, аъзои Шӯро, доктори илмҳои педагогӣ, Ғуломов Ислом, аъзои Шӯро, профессор, доктори илмҳои педагогӣ, Ибодов Маҳмадулло Орифович, аъзои Шӯро, профессор, доктори илмҳои фалсафа, Изатуллоев Куган, аъзои Шӯро, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, аъзои Шӯро, доктори илмҳои педагогӣ, Ҷумъахон Алимӣ, аъзои шӯро, профессор, доктори илмҳои филологӣ, Мирзоев Салим Сайдалиевич, аъзои Шӯро, доктори илмҳои педагогӣ, Саидзода Баҳрулло Хол, аъзои Шӯро, доктори илмҳои фалсафа, Холназаров Санг, аъзои Шӯро, профессор, доктори илмҳои педагогӣ ва Юнусова Нафисахон Муродовна, аъзои шӯро, доктори илмҳои педагогӣ ба ҳисоб мераванд.


Back to the list