KGU

ХИЁНАТ БА ВАТАН ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ!!!

ХИЁНАТ БА ВАТАН ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ!!! 12.01.2023

ХИЁНАТ БА ВАТАН ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ!!!

Баъди ҳазорсоли бедавлатӣ бо шарофати истиқлолият боз давлати тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон мақоми хоса касб кард. Ин бевосита аз саъюу талошҳои шабонарӯзии халқи тоҷик, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик ба мо маълум аст, ки миллати тоҷик ҳаргиз кӯшиши ба ягон давлати ҳамсоя нияти ғаразноке накардааст. Аз соҳибистиқлол гардидидани давлати тоҷикон на онқадар вақти зиёде гузаштааст, аммо Тоҷикистон ба як қатор давлатҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ ва дипломатӣ барқарор намуда, зиёда аз 180 давлати дунё Тоҷикистонро ҳамчун як давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф мекунад. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба як давлати пешрафтаи сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Ҳамаи он дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба даст овардааст, душманони миллатро, аз қабили Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ором нагузошта онҳо мехоҳанд, ба ҳар роҳу восита оромиву осудагии миллатро барҳам зананд. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки ин гурӯҳҳои дасисаангез таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна сару садоҳо, иғвоангезӣ ва дигар маълумотҳои бардурӯғро паҳн менамоянд. Аламовараш ҳамин аст, ки шахсони паҳнкунандаи ин гуна дасисаҳо баъзе аз фарзандони миллати тоҷик мебошанд, ки ба падару модар, Ватан, имону виҷдони худ эҳтиром нагузошта, бо ҳар гуна амалҳои ноҷавонмардона мехоҳанд нооромиро дар байни мардум ба вуҷуд оваранд.

Ин ноҷавонмардон аз паси парда нишаставу миллатро санги маломат мезананд, ки худ парвардаи обу нони ин сарзаминанд. Миллати тоҷик миллатест, ки шоирону олимон ва мутафаккирони зиёдеро чун Рӯдакию Ибни Сино, Бедилу Ҷомӣ Хайёму Берунӣ ва дигаронро тарбия кардааст, ки онҳо дар дар ҳама давру замон номбардори миллати тоҷик гардидаанд.

Аз қадимулайём, то инҷониб мардуми тоҷик соҳибтамаддун ва хештаншинос буда, ҳамеша талош ба он доранд, ки халқу Ватани хешро аз ҳаргуна таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ доранд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки тоҷикон дигар ҳаргиз ба фиребу найранги дигарон бовар намекунанд, чунки ҳамагон шоҳиданд, ки дар соли 90-уми асри гузашта миллати тоҷик ҳама гуна азобу машақатро аз сар гузаронид.

Дар рӯзҳои вазнинтарини соли сипаришуда мардум мушкилотҳои гуногун: аз қабили хуруҷ кардани бемории COVID-19, болоравии нарху наво дар кишвар ва нооромӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро бо роҳбари ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намудаанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки миллати тоҷик ҳамеша сарҷамъ буда, мушкилиҳои пеш омадаро сарбаландона пушти сар менамоянд. Новобаста аз он, ки таҳдидҳои ҷаҳони муоссир ба пешравии иқтисодии мамлакат таъсири худро мерасонад, Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба як давлати саёҳиву транзитӣ табдил ёфта истодааст.

Борҳо душманони миллат кӯшиш намудаанд, ки миллат, забон ва фарҳанги халқи тоҷикро ба нестӣ баранд, аммо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Аз ин лиҳоз бо боварии пурра метавон гуфт, мо ҳеҷ вақт ба фиребу найранги душманони миллати худ фирефта нашуда барои пешравӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии худ гомҳои устувор мегузорем.

Шокир НИЁЗОВ, омӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ



Back to the list