KGU

НАҲЗАТИҲОИ ЛАЪНАТӢ – ХИЗМАТГОРИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

20.07.2018

НАҲЗАТИҲОИ ЛАЪНАТӢ – ХИЗМАТГОРИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Имрӯз  ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд.
Ин хоинони миллат барои ин Ватан заррае хизмат накардаанд, онҳо танҳо мардумро зидди ҳамдигар шуронида, оташи ҷангро баланд намудаанд, ки ин амали разилонаи онҳоро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кардаст.
Ин хоинон ба чашми миллати тоҷик хок пошиданд. Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.
Ҳанӯз ҳам ин бадбахтон даст ба бадномсозии дини мубини ислом зада, ҳазорон нафар ҳамватанонро гумроҳ карда боиси хонавайронӣ, муҳтоҷӣ, гуруснагии мардум ва харобии Ватан гардидаанд. Масалан, дар солҳои навадум наҳзатиҳои лаънатӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, хостори ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зурӣ гардида, мехостанд Тоҷикистонро ба кишвари исломӣ табдил диҳанд. Худованд мадад намуду нақшаҳои Нурии даҷол амалӣ нагардид, вагарна имрӯз ҳоли Тоҷикистон ва 8 милион аҳолияш аслан шабоҳати давлатҳои ҷангзадаи исломиро мемонд. Онҳо дар он замон ягона роҳе, ки бовариву эътимоди мардумро ба даст овардан метавонистанд ин ҳам бошад бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини ислом ва бо ин васила гӯё «малҳам гардидан ба дарди мазлумон» кор гирифтанд. Аз як сӯ, мардумро ба гурӯҳҳо тақсим карда, онҳоро байни ҳамдигар ба низоъ даъват мекарданд, аз сӯи дигар худро ба онҳо ҳалиму меҳрубон нишон дода, дар қалбашон оташ меафрӯхтанд.
Бо ҳамин мақсад наҳзатиҳо аз минбарҳои баланд дар ҷойҳои пуриздиҳом баромада, мардумро гумроҳ карда ба гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи онвақтаина даъват менамуд. Аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд, истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳилаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекард. Билохира наҳзатиҳо мардуми тоҷикро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуда муфти хубе низ дарёт кард.
Вақте ки мардуми тоҷик дар хоку хун оғушта буданду, касе умеди зинда монданро надошт ва ё мардум аз гуруснагӣ ҷон мебохтанду бехонаву дар гардида буданд, пешвоёни наҳзатиҳо дар биноҳои боҳашамат дар давлати исломии Эрон умр ба сар мебурданд. Руйи хони онҳо пур аз нушу неъмати дунё буд, майишат мекарданд, аз кори кардааш ҳаловат мебурданд, ба ҳоли мардуми мазлум механдидиданд. Ба андешаи банда хонаи шайтонсиратони наҳзатиҳо аз мурдаи ҳазорон ҷавони бегуноҳ сохта шуда, шароби хурдааш хуни дили модари тоҷик буд.
Наҳзатиҳо бо супориши хоҷагонашон пеш аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нақшаҳои зиёде кашида буданд. Ташкили майдонҳо, фирор намудани мардум ба давлати Афғонистон, ташкили хаймаҳо барои гурезагони иҷбории тоҷик дар Афғонистон, худро ҳамчун ғамхори халқ нишон додан, тақсими яроқу аслиҳа ба мардуми бесавод аз ҷумлаи далелҳои болост.
Онхо дини мубини исломро барои худашон ниқоб намуда мехостанд, шаҳрвандони зудбоварро барои татбиқи барномаҳои ботили худ гумроҳ намоянд. Дар интихоботҳо бо баҳонаи он ки "ба рӯи калимаи ислом хат кашидан куфр аст” мардумро фиреб медоданд. Мардуми зудбовар ба ин макру фиреби онҳо фирефта мешуд.
Бо фитнаҳо хоинони миллат то ҳаде расидем, ки ҳазорон нафар мардуми гумроҳу камсавод ба гурӯҳи терреристии наҳзат пайравӣ намуда, ҳаёти худро сӯзониданд. Нақшаҳои ин хоинон, низ дар байни мардуми камсавод амалӣ мегашт. Агар бархе аз ҷавонони тоҷик дурандеш мебуданд, сари масъалаи пайдо гаштани пули муфт, ба миқдори панҷ ва даҳ ҳазор доллари ИМА барои иштирок дар як ҷанги Ироқу Шом фикр мекарданд. Ва ё ба худ боре суол мекарданд, ки агар ҳамин пулро ба худи ҷавонони Сурияву Афғонистон, Ироқу Яман диҳанд, худашон низ барои «Дифои Ватан» ҷанг мекунанд.
Имрӯз парда аз рӯйи ҳама найрангу фиреби гуруҳи наҳзатиҳои лаънатӣ бардошта шудааст, мардум онҳоро бо чеҳраи аслиашон шинохтаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба онҳо лаънат мехонад ва бо нафрат онҳоро наҳзатиҳои лаънатӣ ном мебарад, зеро онҳо дар ҳақиқат наълаткардаи халқанд.
Ҳамаи ин ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ҲНИТ бо хаҷагони хориҷӣ хамкори намуда, барои манфиатҳои шахсии худ обу рӯи миллат ва давлати худро резонданд. Он хо махсусан маз хаби хал ки Тоҷикистон, яъне мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти Имоми Аъзамро рад карда, бо сарпарастии хоҷагони хориҷӣ  таълимоти мазҳаби шиъаро дар байни мардум ташфиқу тағриб мекарданд. Номҳои оилавияшон, гапҳояшон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи хонданашон, ҷойҳои паноҳгоҳҳояшон, ҷойи зиндагияшон, ҳамааш нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рӯирост даст кашида, ба мазҳаби бегона дохил шудаанд.1


Back to the list