KGU

ХИЁНАТ БА МЕҲАН НАМОНАД ЧУ РОЗ

ХИЁНАТ БА МЕҲАН НАМОНАД ЧУ РОЗ 27.07.2018

ХИЁНАТ БА МЕҲАН НАМОНАД ЧУ РОЗ

         Инсон вақте ки шаб сар ба болини хоб мегузорад, аъмоли онрӯзааш як-як пеши назараш меояд. Касе дар бораи кори хайр фикр мекунад ва каси дигар шарро дар хайр дарҳам омехта нақшаи сиёҳе мекашад. Аммо мехоҳам таъкид созам, ки ман ё хонандае, ки ин сатрҳоро мехонад, дар чӣ фикр аст? Албатта, гуфтан дигар асту амал кардан дигар. Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ дигаронро панд додан мехоҳем, лекин худамон пайи иҷрои он нестем. Сухани гӯянда он вақт таъсир хоҳад дошт, ки гуфтораш бо кирдори худ ҳамнаво бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки ростқавлу поктинат ва дурандеш бошем. Тоҷикистон – ин сарзамини аҷдодии мо аст ва обод карданашро сарнавишт имрӯз бар души вогузоштааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро як нооромиву ошуфтагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ таҳдид карда истодааст. Шахсони дорои андешаҳои ифротӣ дар пайии ба кӯрароҳи раҳгумиҳо дарафкандани мардумони сайёра афтодаанд. Имрӯз андешаҳои носолим ва вогири онҳо марзҳоро убур карда истодааст. Пас, моро мебояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллии кишвари хеш бошем. Пеш аз ҳама мебояд лаҳзае аз хотир набурд, ки хиёнат ба арзишҳои ватанпарастӣ бахшиданӣ нест ва ин кори зишт аз назди мардум ҳаргиз пинҳон нахоҳад монд: Ҳамон гуна ки фармудаанд:

Вале умри хоин набошад дароз,

Хиёнат ба меҳан намонад чу роз.

Агар назаре ба ҷомеи ҷаҳонӣ афканем, дархоҳем ёфт, ки озодӣ чисту ободӣ чист. Хушбахтии мардуми сарбаланди тоҷик дар он аст, ки дорои таърихи қадима, фарҳанги бой ва равшанфикрони зиёде аст. Дар осори шоирону нависандагони тоҷик оид ба масъалаи Ватан, арзишҳои миллӣ ва қадру манзалати инсон суханҳои таъсирбахши фаровон гуфта шудааст, вале афсӯс, ки на ҳама аз он ҳикматҳо огоҳанд. Яке аз ин фозилони хирадманд устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки андешаҳои тарбияи инсонпарвариаш пеш аз ҳама бо сатҳи тарбияи ватандӯстии одамон пайваста мебошад. Аз осори то давраи Инқилоби Октябр навиштаи устод маълум мешавад, ки ӯро ноободии Ватан, дар торикию нодонӣ мондани сокинони Аморати Бухоро ҳамеша дар ташвиш оварда буд ва барои аз ин вартаи ҳалокат раҳонидани мардуми Бухоро талош меварзид. Мавзӯи назари мо, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ободии Ватан ва ҳисси нафрат ба кирдори хусусияти террористию экстремистӣ дошта мебошад, мехоҳам фикри худро бо мисоле аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ тақвият бахшам.
Дар «Ёддоштҳо» ҳикояест, бо номи «Ҷанги муллоён бо аробакаш», ки хонандаи доноро бетараф намегузорад, зеро он нақли фарогири воқеаи даҳшатангезе – ба сангсор гирифтор кардани аробакаше мебошад. С. Айнӣ қайд мекунад, ки дар Бухорои амирӣ як моҳ сайр барпо мегашт. Аробакаше барои кироякашӣ машғул шуда, барои пешбурди зиндагиаш кор мекард. Иттифоқан рӯзе панҷ нафар «муллои машҳури Бухоро» ба аробаи он аробакаш савор мешаванд. Ҳангоми талаби роҳкиро миёни аробакаш ва он панҷ нафар ҷанҷол мешавад. Ҳақи роҳкиро якуним тангаро ташкил медод, аробакаш бо хоҳиши онҳо ба пардохти як танга сари ҳар касе ризоият медиҳад. Баробари наздик шудан ба таваққуфгоҳ аробакаш ҳаққи роҳкироро талаб мекунад, лекин онҳо сари ҳар кас на як танга, балки нимтанга медиҳанд. Маблағи додаи онҳо ба аробакаш басандагӣ намекард, зеро ӯ аз пули ҷамъшуда, миқдори камашро худ гирифта, боқимондаро ба хуҷаин месупорид. Миёни онҳо хеле баҳс сурат мегирад. Он панҷ нафар таъкид мекунанд, ки «гирӣ ҳамин, нагирӣ ҳам ҳамин, мо пули дигари ба ту медодагӣ надорем». Аробакаш ҳам дар ҷавоби онҳо иброз медорад, ки «хизмати то ба ҳамин ҷо ба шумоён кардаамро ба арвоҳи падару модарам бахшидам. Ин пулҳотонро гирифта бурда ҳалвопечак харида хӯред. Зуд аробаро холӣ кунетон, ки ман ба кори бечорагиам равам». Аммо онҳо мунозираро идома дода, суханҳои таҳкиромез баён мекунанд. Дар охир аробакаш маҷбур мешавад, ки онҳоро аз ароба пеш кунад. Он шахсони ҳангоматалаб бошанд, дар фикри муҷозот додани аробакаш шуда, қарор доданд, ки ӯро ба қозихона кашида, «кофир» шуданашро «исбот» карда, ҳукми қатлашро бароранд. Инҳо дар охир ба мақсади худ мерасанд, зеро ба онҳо шахсони мансабдор – қозӣ, миршаб ва дигарон тарафдорӣ карданд. Аробакаши мазлумро бо қарори «маҳкама» барои сангсоркунӣ ба назди мардум мебаранд. Аввалин сангро он панҷ нафари ҳангоматалаб тарафи аробакаш ҳаво медиҳанд, баъд қозиқалон, қушбегӣ, раиси калон ва миршаб низ санг мезананд. Мутолиаи муфассали ин ҳикоя ниҳоят таъсиркунанд аст, чунки мардуми авом бо иғвои чанд нафар як шахси мазлумро чунон бо санг мезананд, ки аз инсон будани худ фаромуш мекунанд. Мехоҳам порчаеро аз ин воқеа манзури хонандагон гардонам, ки ифодакунандаи гуфтаҳои болост:
«Ман дар умри худ якум бор дар он ҷо дидам, ки одам бо тарбияти бад ва одатҳои ваҳшиёна чӣ навъ аз ҷилди одамгарӣ баромада, аз ҳайвони дарранда ҳам бадтар мешудааст. Оре, онҳо аз ҳайвони дарранда бадтар шуда буданд, зеро ҳайвони дарранда барои сер кардани шикам ё мудофиаи ҳаёти худ ба одам ё ба ягон ҳайвони дигар ҳуҷум кунад ҳам, аз ин кори худ шодмон шуда намехандад ва ҳатто аломати хурсандӣ ҳам нишон намедиҳад. Аммо ин одамони бадтар аз ҳайвон, дар вақте ки бо ваҳшонияти тамом як одами дасту по бастаро зада кушта, дасту пою сару рӯю гӯшту пусти ӯро пора-пора карда истода буданд, чунон ки дар маросими домодбарӣ ё арӯсбиёрӣ иштирок карда истода бошанд, шодмонӣ мекарданд…».
Бад-ин манзур, адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид мекунад, ки «воқеияти аробакаш ва сангсор шудани ӯ (қ. IV) яке аз фоҷиавитарин ҳикояҳои «Ёддоштҳо»-ро ташкил додааст».
Мехоҳам ин нуктаро биафзоям, ки ҳадафи овардани мисоли зикршуда бар он аст, ин гуна одамон имрӯз низ дар пайи иҷрои нақшаи сиёҳи худ, дигареро аз зиндагӣ маҳрум месозад. Маҳз сабаби ҷангҳои дохилии мамлакатҳо гурӯҳҳои иғвоангезу тундгаро мебошанд. Сангсор шудани аробакаш аз воқеаҳои даҳшатангезе, ки имрӯз дар мамлакатҳои гуногуни дунё, хусусан, Шарқи наздик рӯх дода истодааст, фарқияте надорад. Чунон чи дар кишвари ҳамсоя Афғонистон Фархунда ном занро ҳам сангсор карданд ва ҳам оташ заданд, ки тасдиқкунандаи фикри устод Айнӣ мебошад. Нависанда ба воситаи тасвири воқеаҳои давраи амирӣ хонандаи имрӯзро ҳушдор медиҳад, ки инсон бояд дар ҳама вақт таҳаммулпазир ва дурандешу закӣ бошанд.
Намунаи овардаи мо, бозтоби симои як шахсро дарбар мегирад, аммо дархӯри мафҳуми густурдае мебошад. Таассуф аз он дорем, ки имрӯз баъзе аз мардумони носипос мехоҳанд теша ба решаи худ бизананд, фориғ аз он ки ин сулҳу ободӣ ва оромӣ бо чӣ ҷонбозиҳо ба даст омадааст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар радифи сулҳу субот эҷоди нооромиҳову барпо кардани ҷангу ҳамдигаркушӣ аз ойини ҷавонмардӣ дур аст. Мо имрӯз аз рӯдбори беғубори истиқлолият об мехӯрем ва ин ҳам ойини инсонгароӣ нест, ки ин рӯди софу поки беолоиш бо заҳри курдилию носипосӣ олуда гашта. Ва бародар гиребонгири бародар гашта хуни ҳамдигар бирезад ва шӯрбахтӣ дар он аст, ки ин кирдори нопокро нерӯҳое бунёд мекунанд, дар паси парда нуҳуфта:

Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ бадтар аст,

Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.

Бар он эътиқод дорам, ки ягон нокаси дасти нопоки хеш ба осоиши мардум бурда ба ҳадафҳои сиёҳи худ нахоҳад расид, зеро ҷамъияти рӯ ба инкишофу созандагӣ ниҳодаи моро асосан ҷавонони солимақлу бохирад пеш мебаранд.
Мо омӯзгорони ҷавон, тамоми равшанандешон кӯшиши пайгирона хоҳем дошт, ки аз мактаби сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълими хирадварзӣ гирифта, тамоми нерӯи ҷавонии худро баҳри ободсозии Ватан ва хушбахтии мардуми сарзаминамон равона месозем.


Back to the list