KGU

ҲАДАФИ АСЛИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ҚАТЛУ КУШТОР АСТ!

ҲАДАФИ АСЛИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ҚАТЛУ КУШТОР АСТ! 27.07.2018

ҲАДАФИ АСЛИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ҚАТЛУ КУШТОР АСТ!

Ҳар вақте аз пеши мағозаи собиқ Равшан гузар мекунам, чашмам ба зани ғамзадае меафтад, ки доим бари рӯ ашк мерезад. Чун ба таҳқиқ нигаристам, ин модар қурбони терроризм шудааст. Тире, ки дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба дасти гурӯҳҳои террорист зада шудааст, зоҳиран ҷигари ин модари дар ғам тарро низ шикофтааст. Нақл кард, ки чор соли пеш домоди роҳгумаш духтари ӯро бо чор тифли хурдсол ҳамроҳ ба Сурия ва баъдан, ба Ироқ бурд. Чанд моҳ пас ин ҷавони раҳгум кушта мешавад. Сарсониҳои ҳамсараш дар зери тиру туп аз лаҳзаи фавт оғоз мешавад. Ин зан нақл кард, ки то соли гузашта духтараш занг мезад ва пайваста мегирист. Наздики як сол боз аз духтари ин зан ва кӯдакони ноболиғаш ҳеҷ хабаре нест. Дарде, ки ин зан аз фироқ фарзанди гумшудааш дорад, тасаввурнопазир аст.
Мисли ин зан, ҳоло садҳо модару падарон дар Тоҷикистон ашк бари рӯ доранд. Аз фарзандони гумроҳашон нишоне нест. Ба ҷуз дарду доғ ва аз бархе фарзанди ятим ба падару модар чизе боқӣ намондааст. Даҳҳо ҷавони гумроҳ на танҳо худу модарон, балки ҳамсару фарзандони бегуноҳашонро қурбони ҷаҳолат карданд. Аз расонаҳо бохабарем, ки чандин зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳу зиндонҳои Ироқ рӯзи сахте доранд.
Дар дохили кишвар ҳам бо чунин гумроҳӣ ҷавонони зиёде пушти панҷара рафта, худу хонаводаҳояшонро барои солҳои тӯлонӣ саргардон кардаанд. Инҷониб ба ҳадафи бемантиқ ва беандешаи ин гуна ҷавонон ҳайрон мешавам. Чӣ онҳоро вомедорад, то ба ин амали паст даст зананд? Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар пажӯҳиши донишмандон ба чунин хулоса расидам, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои тундрав бештар бо номи ислом ба дом менадозанд. Афзун бар ин мехоҳам ба ёд оварам, ки чанд рӯзи пеш дар Афғонистон як чунин гумроҳе миёни тудаи рӯзноманигорон ва сокинони оддӣ худро тарконд. Аксари онҳо одамони бегуноҳ буданд. Масалан, қиссаи зиндагии Шоҳмарай ном рӯзноманигорро мехоҳам ин ҷо ёддовар шавам. Дар ин таркиш, ки бо дасти террористон анҷом шуд, ӯ низ дар қатори ҳалокшудагон буд.
Вақте рӯзноманигорон ба хонаи ӯ рафтанд, диданд, ки Шоҳмарай се тифли маъюбу нобино ва ду бародари нобино дорад. Таъмини зиндагии як хонаводаи маъюӣбу нобино ба дасти ӯ будааст, ки дар таркиш ҳалок шудааст. Пас куштани нафаре мисли Шоҳмарай, ки як оилаи маъюби дастнигар дорад, бо кадом ақл рост меояд? Магар куштани одами бегуноҳ мусалмонист?
Ба касе пушида нест, ки ҳадафи аслии терроризму ифротгароӣ қатлу куштор аст. Ин амал ба ҳеҷ дину оин ва арзишҳои инсонӣ дуруст намеояд. Аз ин рӯ, бояд тамоми аҳли ҷомеа талош кунем, аз гаравидани чунин ҷавон ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ кунем. Омор нишон медиҳад, ки аксари пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононанд. Ин гурӯҳҳо аз содагӣ, нодонӣ, камбизоатӣ ва зудбоварии ҷавонон сӯистифода мекунанд. Ояту ҳадисҳооро бар дуруғу ғалат шарҳу тафсир мекунанд ва ба ин васила ҷавононро мағзшӯи намуда, ба ин роҳ мебаранд. Мо ҳама вақт имкон дорем, ки пайравони чунин гурӯҳҳоро дар ҷомеа шиносӣ кунем ва онҳоро то ба вартаи хатарнок расидан огоҳ намуда, аз он роҳ пас гардонем. Ҷавоне, ки таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ мемонад. Шиносӣ кардан мушкил нест. Агар ба диққат нигоҳ кунем, шакли зоҳирии ин гуна ҷавонон дигар мешавад. Риш мегузоранд, ҳамеша муйлабҳои худро метарошанд ва дар забонашон калимаҳои арабии зиёд, ки баъзан ҳатто маъниашро худашон намефаҳманд, пайдо мешавад. Тарзи либоспӯшиашон низ дигар мешавад. Назари онҳо нисбат ба арзишҳои дунявӣ тағйир меёбад. Ҳамеша гуфтаи падару модарони худ дар бораи диндориро инкор мекунанд. Ба рафтори модару хоҳари худ эрод мегиранд ва талош мекунанд, ки онҳо ба гуфтаи ӯ амал намоянд. Тавре дар бораи дин ҳарф мезананд, ки гӯё дирӯз бо пайғамбари Худо ҳамнишин буданд. Аксаран, ин гуна ҷавонон худашон намедонанд, ки аллакай таҳти таъсир кадом гурӯҳи ифротӣ қарор гирифтааст. Фикр мекунад, ин роҳи дуруст аст, ки ӯ интихоб намудааст. Ғафлат аз он, ки маҳз чунин андешаҳо оғоз роҳ ба терроризму экстремизм ҳаст. Ба ҳамин хотир, вақте мо дар наздикони худ чунин ҳолатро шоҳид мешавем, бояд фавран пайи ислоҳи онҳо бошем. Албатта, аз роҳи зур ва ҷангу ҷанҷол ӯро аз ин роҳ пас гардонидан мушкил аст. Танҳо бо ақли солим ва фаҳмонидани вазъияти сиёсии ҷаҳон, ки кадом гурӯҳ бо василаи дин чӣ ҳадафро дунбол дорад, ӯро метавонем, аз ин роҳ баргардонем.
Яъне, ҳар кадоми мо чунин нишонаҳоро метавонем мушоҳида кунем. Агар бетараф набошем ва дар якҷоягӣ кушиш кунем, ҳам як ҷавонро аз рафтан ба роҳи бад, маҳбас ва қатлу куштор боз медорем.
Давлати мо низ дар миён корҳои босамаре ба анҷом росонидааст ва пайваста талош мекунад, то аз гаравиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ҷилавгирӣ кунад. Соли 2016 дар кишвари мо “Стратегияи давлатии мубориза бо терроризм ва экстремиз барио солҳои 2016-2020” қабул шуд. Дар ин стратегияи давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғӣ дар ҷойи аввал меистад. Аз ин бармеояд, ки касе намехоҳад, як ҷавони ноогоҳ пушти панҷара равад. Ҳатто дар қонунгузории кишвари мо банди алоҳидае илова карданд, ки он нафарони пушамойншуда афв мешаванд. Дидем, ки чандин ҷавони гумроҳ вақте пушаймоншуда аз кишварҳои ҷангзада ба ватан баргашт, мавриди авф қарор гирифтанд. Ҳамин аст, ки бо дастуру супориши Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳо барои ҷилавгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ҷараён дорад.
Рӯзи 5-уми май бо ташаббуси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронис байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор шуд. Аз даҳҳо кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ширкат карданд ва суханронии раҳбари давлати моро гӯш намуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари давлатамон аз вазъияти Афғонистон нигаронӣ карданд. Дар ин суханронӣ гуфтанд, ки “агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст”.
Бо зикри ин нуқта сарвари давлат гуфтанд, ки бояд мо ҳушёр бошем ва аз пайвастани ҷавононамон ба сафи ин гурӯҳ роҳ надиҳем.
Сарвари давлат афзуданд, ки “фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд”.
Имрӯз пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ тариқи интернент сурат мегирад, ки савари давлат низ дар ин робита махсус таъкид карданд.
“Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”-гуфтанд президенти кишвар.
Барои ҳамин мо на танҳо амали гуфтори атрофиёни худро дар муҳити атроф, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бояд назорат кунем.
Масалан, бояд бубинем, ки наздикони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо кӣ дӯстӣ меваразнд ва аз кадом ақидаҳо ба истилоҳ бо гузоштани “лайк” пуштибонӣ мекунанд.
Фикр мекунам, таваҷҷӯҳ ба шакли зоҳирии атрофиёну наздикон ва назорати кори онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи роҳҳоест, ки мо метавонем аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифода кунем.


Back to the list