KGU

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МЕҲВАРИ  РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ 30.07.2018

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

Худшиносии миллӣ дар шароити имрӯзаи муносибатхо яке аз масъалахои мухими давлатдорӣ бахисоб рафта ақлу хушу олимони соҳа ва субъектхои идораро ба худ ҷалб намудааст ва таҳлилу тадиқи он масъалаи рӯз аст. Худшиносии миллӣ, ки омили муҳим дар таъмини ваҳдати миллӣ, якпорчагии давлат, сатҳи мавзуни муносибатҳо байни умумиятҳои миллӣ ва комилии истиклолияти давлатӣ баҳисоб меравад, таваҷҷуҳи аксари муҳақиқони илмҳои сиёсӣ ва таҳлилгарони онро ба худ ҷалб намудааст. Таҷрибаи таърихии давлатдории аксари кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули давлати миллӣ дарёфти истиклолияти комилии сиёсии давлатӣ ва пойдории ҳуввияти миллӣ нақш ва ҷойгоҳи худшиносии милли хеле баланд ва назаррас мебошад. Хусусан, дар олами мутамаддин, ки аксарияти миллату халкиятҳо соҳиби давлати миллии хеш гардидаанд, ба падидаи худшиносии милли бештар рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин ҷост, ки масъалаи худшиносии миллӣ дар ҳар давру замон чун масъалаи муҳиму зарурӣ ва пурарзиш дар ҳаёти сиёсии ҷомеа боқӣ мемонад.
Худшиносии миллӣ шинохти мавқеи таърихии миллати худ баҳисоб рафта, мақом ва нақши фархангӣ миллӣ дар рушди ҷомеъа, мавқеъи имрӯза ва ояндаи миллатро хамчун ҷузъи махсуси давлатдори муайян менамояд. Марҳилаи нахустини худшиносии миллӣ худогохии миллӣ баҳисоб рафта, ки ин имконияти дарки мақом ва нақши миллати хеш дар доираи муносибатҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохили минтақавӣ ба сифати субъекти махсуси муносибатҳои миллӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятҳои миллию этники ва инчунин оқибати воқеъ гардонии ин навъи қобилият мебошад.
Дар шароити имрӯзаи давлатдорӣ, ки Тоҷикитон дар баробари дигар давлатхои мутамадини олам сохти давлати миллиро ихтиёрдори намудааст, мақоми худшиноси миллӣ дар ташаккул ва инкишофи он мавқеъи муайянкунандаро соҳиб аст. Махсусан дар даврони муосири инкишофи давлатдории Ҷумхурии Тоҷикистон худшиносии миллӣ метавонад омили мухими таҳкими давлатдорӣ, истиқлолияти комили кишавар, ҳолати мавзуни муносибатҳо дар ҷомеъа байни умумиятҳои этникӣ ва мавқеи муайянкунандагии кишвар дар низоми муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар баробари дигар субъектхои муносибатхои байналхалкӣ бошад. Ба хотири дастрасӣ ба доираи ин навъи муносибатҳо зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраи масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, ки инкишофи худшиносии миллии омма аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Худшиносии миллї метавонад омили муҳим дар таҳкими давлатдории миллӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, ифтихор аз ҳувияти миллӣ дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ гардад. Оммаи тоҷикистони набояд дар шароити имрӯзаи муносибатҳо аз мавқеи худмуайянкунии этникияшон ифтихор намояд, балки аз мансубияти шахрвандии худ ифтихор кунад ва барои рушди Точикистони азиз саҳмузор бошад. Ҳар як шаҳрванд новобаста аз мансубияти ичтимоияш бояд бо давлати худ ифтихор намояд. Бахусус худшиносии милли дар шароити ҷахонишавӣ, раванди интегратсионӣ, космополитизм(шахрванди чаҳон) ва тахдидхои нави чахони муосир бамонанди терроризм, хариду фуруши ғайри қонунии маводи мухадир, коҳишёбии ахлоки ҷомеа, гаравидан ба ташкилотҳои терористӣ ҷойгохи муҳимро ихтиёрӣ мекунад. Дар шароити имрӯзаи пурмоҷарою ҳасоси ҷомеаи ҷахонӣ давлатдорию давлатсозӣ кори саҳл нест. Аз ин рӯ ҷомеаро зарур аст насли имрӯза ва ояндаи тоҷикистониро дар рухияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Бо дарназардошт аз ин худшиносии миллӣ ин ҳолати устувории ҷомеъа ба шумор меравад.
Дар баробари ин вазъи геополитикии минтақавие, ки имрӯз ҷомеъаи моро фаро гирифтааст, шаҳрвандони кишвар ва субъектҳои аввали раванди идораро водор менамояд, ки дар рушд ва инкишофи худшиносии миллии худ мавкеъи хоса дошта бошанд ва барои рушду инкишофи он муносибатҳои объективиро бароварда созанд. Рушд ва ташаккули худшиносии миллӣ вобаста аст ба инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сатҳи маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсии мардум. Хосияти муайянкунандагӣ пайдо намудани худшиносии миллӣ дар доираи муносибатхои ҷамъиятӣ ба таври таббиӣ вобастааст ба холати инкишофи давлат сурат мегирад. Заминаи асосии инкишофи худшиносии миллиро ифтихори миллӣ ташкил дода, то имрӯз аксари миллатҳои пешрафтаи чаҳон тавассути ҳамин доираи муносибат мавқеи хешро дар чаҳони муосир муайян месозанд. Худшиносии миллӣ муҳимтарин заминаи инкишофи истиқлолияти давлатӣ ва бунёдгари эхсоси солими ифтихори миллӣ ба шумор меравад ва мавқеъи муайянро дар рушди давлатдорӣ ва сиёсати давлатӣ ихтиёр бояд созад. Маълум аст ки имрӯз Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои пасо шуравӣ раванди нави давлатдории миллиро ташаккул медихад, ки бо мушикилотҳои зиёди геостратегию геополитикӣ рӯ ба рӯ гардидаст, вале ба хамаи ин нигоҳ накарда раванди давлатсозию миллатсозӣ ба танзим дароварда мешавад, ки мавқеъи сарвари сиёсӣ дар ин раванд хосияти муаянкунандагиро соҳиб аст. Бахусус хосияти муайянкунандагӣ пайдо кардани худшиносии миллӣ дар шароити бӯҳронии солхои 90-ум ва мавеқъи сарвари сиёсӣ дар ин замина баръало эҳсос мегардад, ки ворид шудан ба роҳи рушди инкишофи мавзун таъмин гардида марҳилаҳои таърихиро бояд тай намояд. Худшиносии миллӣ мутахидкунандаи тамоми қишрхои умумиятхои этникӣ дар ҷомеъа ба шумор рафта, оммаро мутаҳид менамояд, раванди рӯоварӣ ба падидахо ва мушикилотҳои ҷомеъаро объективан вусъат мебахшад.
Раванди глобализатсионӣ таҳдидест ба ҷаҳони давлатҳои рӯ ба инкишоф бахусус Точикистон. Дар раванди ҷаҳонишавӣ тахдиди фархангӣ бегона ба фархангӣ миллӣ, хувияти миллӣ, арзишҳои миллӣ субъектҳои аввали идораро водор месозад оид ба мушкилии мавҷуда муносибати мушахас зохир намоянд. Маълум аст, ки имрӯз раванди глобализатсионӣ ва арзишҳои ин доираи муносибат миллатҳоро новобаста ба майлу хоҳишашон беихтиёр ба худ ҷалб менамоянд. Ба хотири боқи мондан дар доираи муносибатҳо ба сифати субъекти комил ҷомеъаи тоҷикистонӣ ва шахсиятҳои идориро зарур аст дар нисбати ин падидаҳо вобаста ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва фархангӣ миллӣ муносибат намоянд. Маълум аст,ки қатъиян этироф накардани муносибат ба ин падидаҳо ҳалли масъала нест. Нисбат ба раванди ҷаҳонишавӣ муносибатҳои эволютсиониро пеша бояд кард, то дар заминаи ин муносибат фарҳанг ва худшиносии миллӣ инкишоф дода шавад ва боиси рушди нави давлатдорӣ гардад. Бахусус ифтихор аз гузаштагони худ, фарханги миллӣ, арзишҳои миллӣ, забони миллӣ вокунишест нисбат ба ин раванд. Саҳми муайянкунандагӣ доштани фарзандони донишманди миллати мо низ дар равнақи тамаддуни олам назаррас аст. Дар китоби илму адаби дунё номҳои одамушшуаро устод Рeдаки, ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷамолиддини Балхӣ, Носири Хисрав ва дигарон бо хатти тиллоӣ ҷовидона сабт шудаанд. Илмҳои ситорашиносӣ, ҳандаса, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафаву илоҳиёт ва кашфиётҳои беназири тибро бе шоҳкорихои ибни Сино, Умари Хайём, Ал – Берунӣ, Ал – Хоразмӣ, Имом Тирмизӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва ғайра тасаввур намекунанд.Номҳои ин нобиғаҳои илму адаб асрҳо боз дар радифи бузургтарин шахсиятҳои чаҳон ҷилва мекунанд. Забони миллӣ мавқеъи махсусро дар худшиносии миллӣ соҳиб буда хотираи таърихии миллат ба ҳисоб меравад. Бахусус ашъори гузаштагон, ки манзалати забони тоҷикиро дар рушди тамаддуни чахон нишон дода, боси ифтихор ва худшиносии миллӣ аст.
Ҳамин тариқ худшиносии миллӣ омили меҳвари рушди давлатдорӣ баҳисоб рафта боиси ташакули ҳувияти миллӣ ва якпорчагии миллату давлати тозаистиқлоли мо мегардад. Моро лозим аст дар ташаккули худшиносии миллӣ новобаста ба мансубияти этникӣ муносибати объективона пеша намуда, ифтихор аз ҳувияти шахрвандӣ намоем ва барои рушди давлатӣ миллиямон саҳмгузор бошем.


Back to the list