KGU

ИЗҲОРОТ НИСБАТИ БАРГАШТИ АЁМИДДИН САТТОРОВ ЯКЕ АЗ ФАЪОЛОНИ УЗВИ ТЭТ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТ НИСБАТИ БАРГАШТИ АЁМИДДИН САТТОРОВ ЯКЕ АЗ ФАЪОЛОНИ  УЗВИ ТЭТ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН 24.08.2018

ИЗҲОРОТ НИСБАТИ БАРГАШТИ АЁМИДДИН САТТОРОВ ЯКЕ АЗ ФАЪОЛОНИ УЗВИ ТЭТ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН

Ҳаёт барои ҳар як инсон худ имтиҳон аст. Инсон бояд ин ин имтиҳон бигзарад ва имкони расидан ба хушбахтиро аз даст надиҳад. Инсоне, ки аз зиндагӣ ноумед мешавад, кӯтоҳназарию бехирадиро пеша мекунад. ӯ қодир аст ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро дохил шавад, дар дили худ зуҳуроти бегонашавию бегонапарастӣ ва бадбиниро нисбат ба Ватан, модар ва наздиконаш ҷой дихад.
Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизба динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Худованд барои мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи барассии мазмуну мохияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.Аслан, бо номи покии ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Беҳ шуд, ки фаъолияти ҲНИТ-ро дар Тоҷикистон мамнуъ намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири оромии кишвар, сулҳу суббот, шароити осоиштаи мардум чандин амлҳои аъзоёни ҲНИТ-ро авф кардааст. Вақти он расидааст, ки М.Кабирӣ ва дигар аъзоёни ҳизби мазкур, ки аз хориҷ, ки дар пайи ноором сохтани вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар ҳастанд, ба Тоҷикистон баргарданд, чунки хамаи «фитнаҳои» сиёсии онҳо аз рӯзҳои оѓоз шудани фаъолияти ҳизб ошкор гардид. Дар урфият гуфтаанд «Офтобро бо лаби доман пушонида намешавад». Он аъзоёни ҲНИТ, ки аз хориҷи кишвар кушиши халалдор кардани истиқлолияти Тоҷикистонро доранд ва дар назди мардум, ки чеҳраҳои ҳадафҳои нопок ва чеҳраҳои сиёҳи онҳо ошкор гаштааст. Ҳоло ҳам дер нашудааст мисли Аёмиддин Сатторов ба ватан бар гашта, шукри истиқлоли ватанро намуда дар назди қонун ҷавоб гӯянд. 


Back to the list