KGU

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ 31.08.2018

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир – терроризм ва экстремизм муваффақ гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нанговари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвияти мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиберо баён менамоянд, ки мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор мегиранд.

Тавре дар яке аз Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида буд, терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Дар шароити кунунии ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар равияҳои барои инсоният хатарнок ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мо бояд пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои миллӣ, устувории пояҳои давлатдориамонро фидокорона ҳифз намоем. Чунки хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияти минтақа вобаста ба авзои ноороми сиёсии Афғонистон дар доираи фаъолияташ дар ташкилотҳои бонуфузи минтақавӣ, ба мисли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ ва сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки ҳамчун сохторҳои таъминкунанди амнияти минтақа фаъолият доранд, ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Аз соли 2006 то инҷониб дар қаламрави мамлакат фаъолияти 17 адад ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизби Исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати Исломии Узбекистон), “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайиба”, “Ҷамоати Исломии Покистон”, “Ҷамъияти Таблиғ”, “Созмони Таблиғ”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ” (Давлати исломии Ироқу Шом), “Ҷабҳатуннусра” ва “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” манъ гардид, веб-сайтҳои интернетии онҳо баста шуда, дар як вақт ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намудан, дар ҳудуди он паҳн кардан, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ё видеосабтҳои ташкилотҳои мазкур манъ карда шудааст.

Аз ҷумла, фаъолияти ифротии пайравони ҷараёни экстремистии “Салафия” боиси ҷудоиандозӣ ва ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар мамлакат гардида истодаанд. Бояд хотирнишон намуд, ки “ҷиҳод” яке аз мақсадҳои меҳварии “Салафия” буда, бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати ташкилоти байналмилалии террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои ҳукуматии ин ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд, сараввал ба ҷараёни динии “Салафия” гаравидаанд.

Ҳамчунин, барои пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши самараноки ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо бо фармони якҷояи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.

Дар натиҷаи ба таври дахлдор ба роҳ мондани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ шумораи зиёди шахсони ба созмонҳои террористӣ шомилгардида ошкор ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғозу мавриди тафтиш қарор дода шуда, инчунин пайвастани даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба созмонҳои фаромиллии террористӣ пешгирӣ карда шуд.

Таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ нишон дод, ки ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои фаромиллии террористӣ ва иштироки минбаъдаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона асосан тавассути тарғиботи ифротӣ миёни муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, инчунин бо пахши маводҳои ташвиқотии тарғибкунандаи фаъолияти террористӣ дар сомонаҳои Интернет ба роҳ монда шудааст.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ гурӯҳҳои ифротгаро аз шиорҳои мазҳабҳои ба миллати мо бегона истифода бурда, сафи тарафдорони хешро аз ҳисоби ҷавонони бетаҷриба, камсавод, гумроҳ ва аз дину мазҳаби асл ноогоҳ бо роҳи даъват ба “ҷиҳод”, яъне иштирок дар задухӯрди мусаллаҳона дар дигар давлатҳо зиёд мекунанд.

Тарғиботи интернетӣ ҳамзамон бозиҳои видеоиро дар бар мегиранд, ки амалҳои террористиро тақлид ва истифодабарандагонро, бахусус ноболиғонро барои дар онҳо бозидани нақши террористи маҷозӣ водор намуда, ба ин восита онҳоро ба пазируфтани ғояи террор омода менамоянд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон тақрибан 3 миллион муштарии Интернет мавҷуд буда, аксари онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти экстремистӣ дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Аз ин ру, бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ ва созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён гурӯҳҳои пешсаф (авангард) ҷиҳати пешбурди ташвиқоти аксулэкстремистӣ дар Интернет таъсис дода шудаанд.

Имрӯз ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ва бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо донишҳои зарурии зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ мусаллаҳ буда, малакаи зарурии истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро бо мақсади муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм дошта бошад. Зеро маҳз чунин ҷаҳду талош метавонад ба рушди минбаъдаи ин зуҳурот дар Тоҷикистон монеъ гардида, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ хизмат намояд.

Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.

Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.

Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.

Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад.

Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.

Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад.

Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохтору мақомот боз ҳам пурзӯр гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд.

Ҷаҳонорои Ҷовид
донишҷӯи курси 2-юми
факултаи филологияи хориҷӣ


Back to the list